Раҳмон тоҷикистониёнро ба Рӯзи ҷаҳонии футбол шодбош гуфт

© Flickr \ Пресс-служба главы РТЭмомали Рахмон встретился с таджикскими футболистами перед решающим матчем с Ливаном
Эмомали Рахмон встретился с таджикскими футболистами перед решающим матчем с Ливаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2025
Обуна шудан
Пазируфтани пешниҳроди Тоҷикистон аз ҷониби СММ водор месозад, ки минбаъд низ барои рушду оммавигардонии ин намуди варзиш бештар кушиш кард, гуфт сарвари давлат
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар саросари олам таҷлил мегардад, самимона табрик гуфт.
Як сол пеш, яъне 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол расман ба тақвими байналмилалӣ ворид гардид.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ин иқдоми созанда боз як далели нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад.
Ин навъи варзиш дар кишвар дар марҳалаи нави рушд қарор дошта, шумораи ҳаводорону варзишгарон, махсусан, миёни наврасону ҷавонон пайваста афзуда истодааст.
Вай таъкид кард, ки рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бе бунёди инфрасохтори муҷаҳҳазу замонавӣ кардан ғайриимкон аст ва аз ин лиҳоз ҳукумат барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
"Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд",- афзуд ӯ.
Танҳо дар Душанбе ба гуфтаи кишвардор, дар панҷ соли охир тавассути роҳандозии барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 расид.
Дар Душанбе бозии легендаҳои футболи Тоҷикистону Русия баргузор шуд.
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2025
Бозии дӯстонаи ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия чӣ гуна гузашт - видео
Президент дар идома аз дастовардҳои футболбозони кишвар гуфта, таъкид намуда, ки аз ҷониби СММ пазируфта шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол моро водор месозад, ки минбаъд низ барои рушду оммавигардонии ин намуди варзиш дар кишварамон кӯшиши бештар намоем.
Эмомалӣ Раҳмон бо бовар гуфт, ки футбол дар Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдат, ифтихори миллӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва омили муҳимми муаррифии давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз рушду инкишоф ёфта, ҳаводоронро бо дастовардҳои нав шод мекунад.
Лентаи хабарҳо
0