https://sputnik.tj/20250524/rayosat-maorif-dushanbe-zangi-okhir-jamovari-pul-khonandagon-man-1067451669.html
Раёсати маорифи Душанбе: "Занги охир" ва ҷамъоварии пул аз хонандагон манъ аст
Раёсати маорифи Душанбе: "Занги охир" ва ҷамъоварии пул аз хонандагон манъ аст
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати маорифи пойтахт ба самъи волидон расонд, ки дар сурати талаб шудани маблағ аз фарзандони онҳо зуд ба ин ниҳод шикоят кунанд 24.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-24T12:44+0500
2025-05-24T12:44+0500
2025-05-24T12:44+0500
дар тоҷикистон
маориф
раёсати маорифи шаҳри душанбе
занги камолот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/17/1067441021_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_d4c3b1d8167a3a45aeee88274e0c1a77.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Душанбе ҷамъоварии пул аз волидон барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ манъ аст. Дар ин бора Раёсати маорифи пойтахт ёдовар шуд. Манбаъ афзуд, тибқи дастури раиси шаҳри Душанбе ҳама гуна ҷамъоварии маблағ барои таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ манъ аст. Ҳамчунин ҷамъоварии маблағ барои баргузории "Занги охир" низ мумкин нест ва худи доир кардани ин чорабинӣ ҳам дар пойтахт ба мисли дигар вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ манъ аст.Гуфта мешавад, ки ин тасмим ҳанӯз соли 2017 "бо мақсади пешгирии фасод ва тамаъҷӯии ғайриқонунӣ" гирифта шудааст. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе зикр кард, ки ҳангоми ҷамъоварии маблағ дар мактабу боғчаҳо волидон метавонанд бо телефони боварӣ: +992 (37) 2213092 тамо гирифта арзу шикоят кунанд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон сар аз соли 2016 баргузор шудани "Занги камолот" манъ шудааст. Дар макотиби Тоҷикистон дар ин рӯз, тибқи ҷадвал, хонандагон бо дарс фаро гирифта мешаванд.Бояд гуфт, таҷрибаи акнун шашсолаи Тоҷикистонро вазоратҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ пиёда менамоянд.Ҳамакнун дар ин се кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, тибқи қоидавҳои нав, баргузор кардани чорабинӣ, ҷамъоварии маблағ аз волидон, тақдими туҳфаҳои арзишманд ва зиёфат дар тарабхонаҳо мамнуъ шудааст.Дар ин кишварҳо "Занги охирон" ҳамагӣ 45 дақиқа ва бидуни ҳузури меҳмонон дар саҳни мактабҳо баргузор мегардад.
https://sputnik.tj/20250422/khonandagon-tojik-tatil-tobistona-mebaroyand-1067084908.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/17/1067441021_120:0:1080:720_1920x0_80_0_0_e73094cfd6dbe0e6a87c1bf10efa43c4.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, раёсати маорифи шаҳри душанбе, занги камолот
дар тоҷикистон, маориф, раёсати маорифи шаҳри душанбе, занги камолот
Раёсати маорифи Душанбе: "Занги охир" ва ҷамъоварии пул аз хонандагон манъ аст
Раёсати маорифи пойтахт ба самъи волидон расонд, ки дар сурати талаб шудани маблағ аз фарзандони онҳо зуд ба ин ниҳод шикоят кунанд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Душанбе ҷамъоварии пул аз волидон барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ манъ аст. Дар ин бора Раёсати маорифи пойтахт ёдовар шуд.
Манбаъ афзуд, тибқи дастури раиси шаҳри Душанбе ҳама гуна ҷамъоварии маблағ барои таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ манъ аст.
Ҳамчунин ҷамъоварии маблағ барои баргузории "Занги охир" низ мумкин нест ва худи доир кардани ин чорабинӣ ҳам дар пойтахт ба мисли дигар вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ манъ аст.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим ҳанӯз соли 2017 "бо мақсади пешгирии фасод ва тамаъҷӯии ғайриқонунӣ" гирифта шудааст.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе зикр кард, ки ҳангоми ҷамъоварии маблағ дар мактабу боғчаҳо волидон метавонанд бо телефони боварӣ: +992 (37) 2213092 тамо гирифта арзу шикоят кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон сар аз соли 2016 баргузор шудани "Занги камолот" манъ шудааст. Дар макотиби Тоҷикистон дар ин рӯз, тибқи ҷадвал, хонандагон бо дарс фаро гирифта мешаванд.
Бояд гуфт, таҷрибаи акнун шашсолаи Тоҷикистонро вазоратҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ пиёда менамоянд.
Ҳамакнун дар ин се кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, тибқи қоидавҳои нав, баргузор кардани чорабинӣ, ҷамъоварии маблағ аз волидон, тақдими туҳфаҳои арзишманд ва зиёфат дар тарабхонаҳо мамнуъ шудааст.
Дар ин кишварҳо "Занги охирон" ҳамагӣ 45 дақиқа ва бидуни ҳузури меҳмонон дар саҳни мактабҳо баргузор мегардад.