https://sputnik.tj/20250524/dushanbe-nimmarafoni-baynulmilalii-one-run-barguzor-shud-1067456307.html
Дар Душанбе ниммарафони байнулмилалии One run баргузор шуд
Дар Душанбе ниммарафони байнулмилалии One run баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Чорабинии мазкур садҳо иштирокчиёнро ҷалб кард, ки онҳо имкон доштанд масофаи 1, 5, 10 ё 21,1 километрро интихоб кунанд. Ниммарафон дар Душанбе бори сеюм... 24.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-24T13:55+0500
2025-05-24T13:55+0500
2025-05-24T13:57+0500
дар тоҷикистон
душанбе
ниммарафон
дав
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/18/1067455410_199:251:2692:1654_1920x0_80_0_0_37eee7071bf610c790adec17e42f5875.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Душанбе хоҳишмандон тавонистанд дар ниммарафони One run ширкат кунанд. Дар ин чорабинӣ садҳо ширкаткунанда, ки имкон доштанд масофаҳои 1, 5, 10 ё 21,1 километрро интихоб кунанд, иштирок намуданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Мусобиқа аз макони назди Ипподроми "Наврӯзгоҳ" дар маркази шаҳри Душанбе оғоз шуд.Ниммарафон дар шаҳр бори сеюм баргузор шуд. Ба чорабинии варзишӣ одамони синну соли гуногун, ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон омаданд. Дар Русия он бори аввал соли 2017 баргузор шуд ва "ZaBeg.RF" ном дошт. Соли 2023 ин чорабинӣ мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар соли 2024 ҷуғрофиё 15 кишвар ва дар соли 2025 аллакай 25 кишвар, аз ҷумла Русия, Қирғизистон, Узбекистон ва ғайраро фаро гирифтааст. Мусобиқа 250 ҳазор нафарро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ овард. Варзишгарони ҳаваскор аз Сербия, Чин, Камерун, Баҳрайн, Непал, Миср, Покистон, Қатар ва Бразилия низ ширкат доштанд. Қаблан дар шаҳри Душанбе низ бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пойга баргузор шуда буд, ки дар он чандсад нафар ширкат доштанд.Ниммарафон аз маҷмааи ёдгорӣ оғоз шуда, дар масофаи 7 км байни калонсолон дар намуди инфиродӣ ва 500 метр байни кӯдакон сурат гирифт, хабар медиҳад Россотрудничество.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/18/1067455410_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a92679bd80e301c370b07575d79ee826.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, ниммарафон, дав, навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон, душанбе, ниммарафон, дав, навигариҳои варзиши тоҷикистон
Дар Душанбе ниммарафони байнулмилалии One run баргузор шуд
13:55 24.05.2025 (Навсозишуда: 13:57 24.05.2025) Чорабинии мазкур садҳо иштирокчиёнро ҷалб кард, ки онҳо имкон доштанд масофаи 1, 5, 10 ё 21,1 километрро интихоб кунанд. Ниммарафон дар Душанбе бори сеюм баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Душанбе хоҳишмандон тавонистанд дар ниммарафони One run ширкат кунанд.
Дар ин чорабинӣ садҳо ширкаткунанда, ки имкон доштанд масофаҳои 1, 5, 10 ё 21,1 километрро интихоб кунанд, иштирок намуданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Мусобиқа аз макони назди Ипподроми "Наврӯзгоҳ" дар маркази шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Ниммарафон дар шаҳр бори сеюм баргузор шуд. Ба чорабинии варзишӣ одамони синну соли гуногун, ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон омаданд.
Дар Русия он бори аввал соли 2017 баргузор шуд ва "ZaBeg.RF" ном дошт. Соли 2023 ин чорабинӣ мақоми байналмилалӣ гирифт.
Дар соли 2024 ҷуғрофиё 15 кишвар ва дар соли 2025 аллакай 25 кишвар, аз ҷумла Русия, Қирғизистон, Узбекистон ва ғайраро фаро гирифтааст. Мусобиқа 250 ҳазор нафарро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ овард.
Варзишгарони ҳаваскор аз Сербия, Чин, Камерун, Баҳрайн, Непал, Миср, Покистон, Қатар ва Бразилия низ ширкат доштанд.
Қаблан дар шаҳри Душанбе низ бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пойга баргузор шуда буд, ки дар он чандсад нафар ширкат доштанд.
Ниммарафон аз маҷмааи ёдгорӣ оғоз шуда, дар масофаи 7 км байни калонсолон дар намуди инфиродӣ ва 500 метр байни кӯдакон сурат гирифт, хабар медиҳад Россотрудничество.