Роҳи оҳани Тоҷикистон барои содироти пиёз ба хориҷ то 80% тахфиф пешниҳод намудааст

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаСбор урожая лука
Сбор урожая лука - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2025
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба содироти пиёзи барвақтӣ ба кишварҳои хориҷӣ Гуруҳи корӣ таъсис дод
ДУШАНБЕ, 22май – Sputnik. Ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон гурӯҳи корӣ, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёт ташкил шудааст, барои мусоидат ба содироти пиёз ва дигар сабзавоту меваҷот таъсис дода шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар бархе аз минтақаҳои Хатлон ҷамъоварии ҳосили пиёз дар ҳоли анҷомёбист. Ин ҳосил на танҳо ба бозори дохилӣ бароварда мешавад, балки ба кишварҳои ҳамсоя – Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон низ содир хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон имсол дар 14054 гектар пиёз кишт карда шуда, деҳқонон ният доранд, ки 473131 тонна ҳосил ҷамъоварӣ кунанд.
КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 20 адад вагони холиро дар ҳудуди истгоҳҳои роҳи оҳани "Ҷ. Балхӣ", "Хатлон" ва "Шаҳритус" барои интиқоли пиёз омода карда, барои интиқолдиҳандагон ва нигоҳубини ҳосил тамоми шароитро фароҳам сохтааст.
Инчунин дар маҷмааи нақлиётӣ-нигоҳдории шаҳри Левакант барои бастабандии пиёз биноҳо ҷудо карда шудаанд.
“Маҷмаа дар мавзеи муносиб нисбат ба роҳи автомобилӣ ва роҳи оҳан ҷойгир шудааст, ки ин имкон медиҳад воситаи мустақими боркунии "автомобил – вагон" истифода бурда шавад”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
“Роҳи Оҳани Тоҷикистон” беш аз 60 нафарро аз ҳисоби кормандони худ, инчунин занони хонашин аз шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои бастабандӣ, боркунӣ ва борфарорӣ ҷалб намудааст.
Лук на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2024
Содироти пиёз аз Суғд ба хориҷа оғоз шуд
Ҳамчунин ин корхона барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ тавассути истгоҳҳои роҳи оҳани "Ҷалолиддини Балхӣ", "Хатлон" ва "Шаҳритус" корхона то 80 фоиз тахфиф пешниҳод намудаааст.
Роҳи оҳани Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки борро дар мӯҳлати муқарраршуда то истгоҳи "Келес"-и Узбекистон мерасонад.
“Маъмурияти "Роҳи оҳани Узбекистон" низ барои содироти пиёз то 60% тахфиф эълон кардааст”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Ба ҳолати то 21 майи соли 2025 аз ҷониби истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон 4 вагон ё ба миқдори 240 тонна пиёзи барвақтӣ содир карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0