Содироти пиёз аз Суғд ба хориҷа оғоз шуд

© Sputnik Лук на рынке
Лук на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2024
Обуна шудан
Содироти маҳсули дастранҷи кишоварзони тоҷик ба хориҷа, ки умдатан ба Русия ва Қазоқистон сурат мегирад, аз сарчашмаҳои даромад ба иқтисод ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд ғунучин ва содироти сабзавот ба хориҷи кишвар оғоз шудааст.
Давоми як моҳи охир аз тариқи гузаргоҳҳои гумрукии Суғд содироти беш аз 6 ҳазор тон пиёз сурат гирифтааст. Дар ин бора сардори бахши омори савдо дар Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд, Дилором Муҳиддинзода ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ки содироти сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз асосан ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон рост меояд”, – гуфт масъули Идораи омор.
Бино ба мушоҳида ва таҳлили хабарнигори Sputnik Тоҷикистон соли ҷорӣ бо сабаби мушкили барқрасонӣ ва саривақт фаъол накардани пойгоҳҳои обкашӣ парвариш ва ғунучини пиёз ҳудуди 20 рӯз дер шуда ва ин ҳол ба суръати содироти маҳсулот ҳам таъсир расонидааст.
Зеро тибқи маълумоти оморӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 6,4 ҳазор тон содироти пиёз сурат гирифтааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 29 ҳазор тон кам гуфта мешавад.
Содироти пиёз умдатан дар моҳи май оғоз шуда то ноябр давом мекунад. Соли гузашта аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар содироти беш аз 65 ҳазор тон сабзавот сурат гирифта буд, ки бахши аъзами он пиёз гуфта мешуд.
Грузовые автомобили на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2024
Чаҳор моҳи аввали додугирифт: афзойиш аз Тоҷикистон, коҳиш аз Русия
Бино ба гуфтаи сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, Маъруф Шарифиён, соли ҷорӣ дар майдони 4,1 ҳазор га кишти пиёз гузаронида шудааст. Ҳосили аз ин ҳисоб ба даст омада, ба ҷузъ таъмини бозорҳои дохилӣ барои содирот ба хориҷи кишвар низ пешбинӣ мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта аз майдони кишти умумии пиёз 157 ҳазор тон ё ҳудуди 400 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шудааст.
Зимнан дар бозорҳои Суғд ҳосили нави пиёз бо нархи 2 – 3 сомонӣ дар фурӯш аст. Кишоварзони суғдӣ умедворанд, ки ба мисли солҳои қаблӣ ҳосили хуб ба даст оварда онро ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар арза мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0