“Помир Энерҷӣ”: Тавлиди барқ аз сӯйи неругоҳҳои хурди барқи обии деҳот кам шуд

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиЛинии электропередач
Линии электропередач - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2025
Обуна шудан
Ширкати “Помир Энерҷӣ” эълон кардааст, ки дар се моҳи соли равон истеҳсоли қувваи барқ дар неругоҳҳои хурди барқи обии деҳот тавлиди барқ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Ширкати “Помир Энерҷӣ” хабар додааст, ки дар се моҳи аввали соли равон ба муштариёни барқи вилоят ҳамагӣ беш аз 71 млн. кВт/соат ё ба маблағи 27,3 млн. сомонӣ қувваи барқ фурӯхта шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи кВт/соат 1,4 фоиз ва ба ҳисоби маблағ 1,72% зиёд мебошад, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Бо вуҷуди ин масъулини ширкат қайд кардаанд, ки дар ин семоҳа дар неругоҳҳои хурди барқи обии деҳот тавлиди барқ коҳиш ёфт.
Дар ин неругоҳҳо ҳамагӣ 102 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз кам мебошад.
"Коҳиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ дар ин неругоҳҳо ҳам, асосан, ба хунук омадани мавсим ва норасоии об рабт дорад”,- қайд кардааст масъулини соҳа.
Бино ба маълумоти ширкат, дар семоҳа, ҳамчунин, талафоти барқ афзоиш ёфт.
Дар миқёси вилоят талафоти барқ ҳамагӣ ба 8,75% баробар шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,15% ё 218 ҳазор кВт/соат зиёд мебошад.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2025
Вазири энергетика гуфт, кай лоиҳаи CASA-1000 ба кор медарояд
Мутахассисони ширкат зиёдшавии талафоти барқро, асосан, аз ҳисоби сербории қувваи барқ дар хатҳои баландшиддати 35 кВ ва 110 кВ арзёбӣ мекунанд.
Ба суратҳисоби ширкат дар ин давра аз ҳисоби пардохти ҳаққи барқ наздик ба 23 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2024-ум 10,1% зиёд мебошад.
Ҷамъоварии маблағ аз аҳолӣ қариб 8%, корхонаҳои тиҷоратӣ бештар аз 14% зиёд шуда, дар идораҳои буҷетӣ 1,87% коҳиш ёфт.
Қарздории дебиторӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 панҷ дарсад кам гардид.
Ба ҳолати аввали моҳи апрел қарздории дебитории корхонаҳои буҷетӣ наздик ба 5 млн. ва ташкилотҳои тиҷоратӣ қариб 8 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нигаронкунанда аст.
Аҳолӣ назди ширкат беш аз 2,4 сомонӣ қарздор мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0