https://sputnik.tj/20250521/rusiya-hazorho-tasdiqnomahoi-muhojiron-zaboni-rusi-bekor-1067414413.html
Русия ҳазорҳо тасдиқномаҳои муҳоҷиронро дар бораи донистани забони русӣ бекор кард
Русия ҳазорҳо тасдиқномаҳои муҳоҷиронро дар бораи донистани забони русӣ бекор кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир дар Русия 203 маркази воқеъӣ вуҷуд дорад, ки дар он муҳоҷирон метавонанд имтиҳони забони русиро супоранд
2025-05-21T14:12+0500
2025-05-21T14:12+0500
2025-05-21T14:12+0500
русия
дар русия
муҳоҷират
забони русӣ
имтиҳон
иҷозатнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/14/1067408806_0:33:2972:1705_1920x0_80_0_0_b8bcfcb5c6970447754b1f74f93e4e4b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар соли 2024 беш аз 9 ҳазор тасдиқномаҳо (сертификат)-и муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи донистани забони русӣ бекор карда шуд.Дар ин бора раиси Рособрнадзор Анзор Музаев дар Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург хабар дод.Ба иттилои вай, пас аз ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ шумораи чунин қонуншиканиҳо 3 баробар коҳиш ёфт."Теъдоди қонуншиканиҳое, ки Вазорати корҳои дохилӣ ошкор кардааст, тақрибан се баробар коҳиш ёфтааст. Сухан дар бораи тасдиқномаҳои бекоршуда меравад ва асосан ин ҳама ҳуҷҷатҳои кӯҳнаи додашуда мебошанд, ки то ворид шудани тағйирот эътибор доштанд", - гуфт ӯ.Музаев ёдовар шуд, ки ҳоло дар Русия 203 марказ воқеӣ вуҷуд джорад, ки дар он метавон имтиҳони забони русӣ супорид."Инҳо ҳама муассисаҳои федералӣ ё филиалҳо ҳастанд, инҳо сохторҳои давлатӣ мебошанд, онҳо ба сохторҳои тиҷоратӣ ҳеҷ рабте надоранд", - гуфт ӯ.Моҳи ноябри соли 2024 президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ташкил ва баргузории имтиҳони забони русиро барои шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби шахсони сеюм манъ мекунад.Шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия танҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ дода мешавад.Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки дар Русия қонуне вуҷуд дорад, ки фарогирии фарзандони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳои русӣ манъ мешавад.Қабули фарзандони муҳоҷирон ба таҳсил дар барномаҳои таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурати бомуваффақият супурдани имтиҳон дар бораи донистани забони русӣ имконпазир аст.
https://sputnik.tj/20250514/primakov-zaboni-rusi-kishvarhoi-osiyoi-miyona-hifz-shudaast-1067338325.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/14/1067408806_193:0:2922:2047_1920x0_80_0_0_d9289599093bfc965ea7f6859ddc86e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, тасдиқнома, забони русӣ, имтиҳон, тасдиқнома
русия, муҳоҷират, тасдиқнома, забони русӣ, имтиҳон, тасдиқнома
Русия ҳазорҳо тасдиқномаҳои муҳоҷиронро дар бораи донистани забони русӣ бекор кард
Дар ҳоли ҳозир дар Русия 203 маркази воқеъӣ вуҷуд дорад, ки дар он муҳоҷирон метавонанд имтиҳони забони русиро супоранд
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар соли 2024 беш аз 9 ҳазор тасдиқномаҳо (сертификат)-и муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи донистани забони русӣ бекор карда шуд.
Дар ин бора раиси Рособрнадзор Анзор Музаев дар Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург хабар дод.
Ба иттилои вай, пас аз ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ шумораи чунин қонуншиканиҳо 3 баробар коҳиш ёфт.
"Теъдоди қонуншиканиҳое, ки Вазорати корҳои дохилӣ ошкор кардааст, тақрибан се баробар коҳиш ёфтааст. Сухан дар бораи тасдиқномаҳои бекоршуда меравад ва асосан ин ҳама ҳуҷҷатҳои кӯҳнаи додашуда мебошанд, ки то ворид шудани тағйирот эътибор доштанд", - гуфт ӯ.
Музаев ёдовар шуд, ки ҳоло дар Русия 203 марказ воқеӣ вуҷуд джорад, ки дар он метавон имтиҳони забони русӣ супорид.
"Инҳо ҳама муассисаҳои федералӣ ё филиалҳо ҳастанд, инҳо сохторҳои давлатӣ мебошанд, онҳо ба сохторҳои тиҷоратӣ ҳеҷ рабте надоранд", - гуфт ӯ.
Моҳи ноябри соли 2024 президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ташкил ва баргузории имтиҳони забони русиро барои шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби шахсони сеюм манъ мекунад.
Шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия танҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ дода мешавад.
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки дар Русия қонуне вуҷуд дорад, ки фарогирии фарзандони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳои русӣ манъ мешавад.
Қабули фарзандони муҳоҷирон ба таҳсил дар барномаҳои таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурати бомуваффақият супурдани имтиҳон дар бораи донистани забони русӣ имконпазир аст.