Аввалин чархаи НБО “Себзор” моҳи июн ба истифода дода мешад

Строительство Себзорской ГЭС. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2025
Обуна шудан
Вазорати энергетика ва захимраҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд то имрӯз дар НБО “Себзор” 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Вазорати энергетика вазихаираҳои оби Тоҷикистон эълон кардааст, ки аввалин чархаи НБО “Себзор” дар моҳи июни соли равон ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ин вазорат хабар додааст, ки ахиран вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти корҳои сохтмонии НБО “Себзор” дидан намуд.
1/3
Министр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джума в ходе рабочей поездки в Рошткальский район Горно-Бадахшанской автономной области ознакомился с ходом строительства Себзорской ГЭС.
Қайд карда шудааст, ки зимни боздид вазир бо муҳандисон ва масъулони лоиҳа суҳбат намуда, ҷараёни татбиқи корҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

“То имрӯз 85 дарсади корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба анҷом расида, ҷиҳати ба истифода супоридани агрегати аввали неругоҳ бо иқтидори 3,6 МВт дар моҳи июни соли равон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст”, - қайд кардааст вазорат.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.
Рабочие на стройке Себзорской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2024
Бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25% баланд мегардад
Бояд қад кард, ки иншооти мазкур на танҳо ба таъмини устувори неруи барқ барои аҳолии маҳаллӣ мусоидат менамояд, балки имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаро ба таври назаррас афзоиш хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0