https://sputnik.tj/20241104/nbo-sebzor-iqtidori-pomir-enerji-baland-megardad-1064984547.html
Бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25% баланд мегардад
Бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25% баланд мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Мувофики нақшаи НБО "Себзор" бо се агрегат таъмин карда мешавад ва соли 2024 ба истифода додани он ба нақша гирифта шудааст
2024-11-04T19:11+0500
2024-11-04T19:11+0500
2024-11-04T19:11+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нбо
нбо "себзор"
барқ
иқтидор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/04/1064981693_0:109:1080:717_1920x0_80_0_0_f66ed6a5bded6be18ae880973a57ff3f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ахиран Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО "Себзор" дидан кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захоири оби Тоыикистон хабар додааст.Иттилоъ дода шуд, ки корҳо тибқи реҷаи муқарраршуда ҷараён доранд.Ёдовар мешавем, ки Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани 3 агрегат, он бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт фаъолият хоҳад кард.Қайд карда шудааст, ки бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтару хубтар хоҳад шуд.Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии 4 километр роҳи мошингард, инчунин бунёди як мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, ки НБО "Себзор", ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад, аз 3 агрегат иборат буда, дар ҳолати пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 11 мегаватт неруи барқ тавлид мегардад.Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 ва дарозии 65 метр бунёд гардида, ғунҷоиши обанбори он 250 ҳазор метри мукааб хоҳад буд.Ин нерӯгоҳ барқи обӣ метавонад даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллиро бо нерӯи барқ таъмин кунад ва ҳамчунин ба манотиқи марзии Афғонистон нерӯи барқ содир кунад.Мувофики нақшаи генералии тасдиқшуда Нерӯгоҳи обии барқӣ бо се агрегат таъмин карда мешавад. Соли 2024 ба истифода додани "Себзор" ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20240726/sokhtmon-nbo-sebzor-pomir-enerji-dahho-million-evro-grant-1063673593.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/04/1064981693_95:127:1006:810_1920x0_80_0_0_edafa0684a0a34e479d58a72f7e31ed7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нбо, себзор, энергетика, барқ, помир энержӣ, иқтидор
тоҷикистон, нбо, себзор, энергетика, барқ, помир энержӣ, иқтидор
Бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25% баланд мегардад
Мувофики нақшаи НБО "Себзор" бо се агрегат таъмин карда мешавад ва соли 2024 ба истифода додани он ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ахиран Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО "Себзор" дидан кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захоири оби Тоыикистон хабар додааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳо тибқи реҷаи муқарраршуда ҷараён доранд.
"Айни замон, аз ҷониби коргарону мутахассисони ватанӣ корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо ва дигар қитъаҳои иншоот идома дорад", - хабар додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани 3 агрегат, он бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт фаъолият хоҳад кард.
Қайд карда шудааст, ки бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтару хубтар хоҳад шуд.
Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии 4 километр роҳи мошингард, инчунин бунёди як мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки НБО "Себзор", ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад, аз 3 агрегат иборат буда, дар ҳолати пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 11 мегаватт неруи барқ тавлид мегардад.
Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 ва дарозии 65 метр бунёд гардида, ғунҷоиши обанбори он 250 ҳазор метри мукааб хоҳад буд.
Ин нерӯгоҳ барқи обӣ метавонад даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллиро бо нерӯи барқ таъмин кунад ва ҳамчунин ба манотиқи марзии Афғонистон нерӯи барқ содир кунад.
Мувофики нақшаи генералии тасдиқшуда Нерӯгоҳи обии барқӣ бо се агрегат таъмин карда мешавад. Соли 2024 ба истифода додани "Себзор" ба нақша гирифта шудааст.