https://sputnik.tj/20250520/tojikiston-bir-khostor-sarmoyaguzori-bakhsh-istehsolot-nassojiyash-1067391387.html
Тоҷикистон аз БИР хостори сармоягузорӣ ба бахши истеҳсолот ва нассоҷияш шуд
Тоҷикистон аз БИР хостори сармоягузорӣ ба бахши истеҳсолот ва нассоҷияш шуд
Sputnik Тоҷикистон
Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо ба дархости Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ба соҳоти муаян изҳори омодагӣ кард
2025-05-20T09:21+0500
2025-05-20T09:21+0500
2025-05-20T09:21+0500
дар тоҷикистон
бир
сармоягузорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/13/1067391517_0:402:858:885_1920x0_80_0_0_eade45dd2170055ffb224877a67a33ab.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Тоҷикистон аз Бонки Исломии Рушд хостори сармоягузории бештар шуд.Ин масъала дар дидори роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо, ки дар алжир доир шуд, баррасӣ гардид.Завқизода Завқӣ дар суҳбат бо Адииб Яҳё аз равобити наздики кишвар бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, аз ҷумла бо ITFC, дар солҳои охир гуфтааст.Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ҷараёни иҷрои Созишномаи чорчӯбаи маблағгузорӣ барои солҳои 2023–2026-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими татбиқи самараноки онҳо таъкид намуданд.Маврид ба зикр аст, ки созишномаи мазкур соли 2023 дар шаҳри Ҷидда ба имзо расида, ҷалби маблағузрии 100 млн. долларро ба лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар пешбинӣ менамояд.Дар посух роҳбарияти ITFC ҷонибдории худро аз самтҳои пешниҳодшуда иброз дошта, омодагии ниҳодро барои таҳияи роҳҳои мушаххаси маблағгузорӣ таъкид кард.Тибқи гузориши вазорат сар аз соли 2008 инҷониб, ITFC ба иқтисоди миллии кишвар зиёда аз 210 миллион доллар маблағгузории тиҷоратиро равона намудааст.Таъкид мешавад, ки вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи БИР бо дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ идома доранд.
https://sputnik.tj/20250517/jalb-15-mlrd-somoni-sarmoya-khoriji-iqtisod-tojikiston-chor-moh-1067364214.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/13/1067391517_60:377:772:911_1920x0_80_0_0_ded1a57843f1418c06e945c6d1cee0cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон бир сармоягузорӣ истеҳсолот нассоҷӣ
тоҷикистон бир сармоягузорӣ истеҳсолот нассоҷӣ
Тоҷикистон аз БИР хостори сармоягузорӣ ба бахши истеҳсолот ва нассоҷияш шуд
Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо ба дархости Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ба соҳоти муаян изҳори омодагӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Тоҷикистон аз Бонки Исломии Рушд хостори сармоягузории бештар шуд.
Ин масъала дар дидори роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо, ки дар алжир доир шуд, баррасӣ гардид.
Завқизода Завқӣ дар суҳбат бо Адииб Яҳё аз равобити наздики кишвар бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, аз ҷумла бо ITFC, дар солҳои охир гуфтааст.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ҷараёни иҷрои Созишномаи чорчӯбаи маблағгузорӣ барои солҳои 2023–2026-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими татбиқи самараноки онҳо таъкид намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки созишномаи мазкур соли 2023 дар шаҳри Ҷидда ба имзо расида, ҷалби маблағузрии 100 млн. долларро ба лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар пешбинӣ менамояд.
“Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки маблағгузорӣ ба самтҳои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, нассоҷӣ ва рушди инфрасохтор зиёд карда шаванд”,- афзудааст манбаъ.
Дар посух роҳбарияти ITFC ҷонибдории худро аз самтҳои пешниҳодшуда иброз дошта, омодагии ниҳодро барои таҳияи роҳҳои мушаххаси маблағгузорӣ таъкид кард.
Тибқи гузориши вазорат сар аз соли 2008 инҷониб, ITFC ба иқтисоди миллии кишвар зиёда аз 210 миллион доллар маблағгузории тиҷоратиро равона намудааст.
Таъкид мешавад, ки вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи БИР бо дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ идома доранд.