https://sputnik.tj/20250517/jalb-15-mlrd-somoni-sarmoya-khoriji-iqtisod-tojikiston-chor-moh-1067364214.html
Ҷалби беш аз 15 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар чор моҳ
Ҷалби беш аз 15 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар чор моҳ
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуыуди ин, ҳиссаи сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ чандон назаррас нест 17.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-17T15:58+0500
2025-05-17T15:58+0500
2025-05-17T15:58+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
хатлон
иқтисод
сармоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063833044_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_d94b37cf88599e6104b77aa17b935681.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Тайи моҳҳои январ – апрели соли равон ба иқтисодиёти кишвар 15,4 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар ҷаласаи машваратӣ дар Данғара изҳор дошта, афзуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49% зиёд мебошад.Аммо президент таъкид кард, ки ҳиссаи сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ чандон назаррас набуда, ҳамагӣ 812 миллион сомонӣ ё 5,5% ташкил додааст.Роҳбарои давлат аз ҷумла аз ҷалби сармояи хориҷӣ ба вилояти Хатлон гуфта, онро 27 млн сомонӣ арзёбӣ кард. Аммо президент изҳори нигаронӣ намуд, ки сармояи мустақими хориҷӣ дар вилоят давоми чор моҳи соли равон умуман ба қайд гирифта нашудааст.Роҳбари давлат гуфт, айнан чунин вазъ дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида мегардад.Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, роҳбарияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва вазорату идораҳои марбутаро вазифадор кард, ки фаъолияти худро ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ куллан вусъат бахшанд.Дар идома президент дар масъалаи додани қарз гуфта, зикр намуд, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ 9,1 млрд сомонӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37% фоиз зиёд мебошад, аммо ҳаҷми он барои рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоди миллӣ нокифоя аст, тавзеҳ дод президент.Ӯ ҳамчунин гуфт, 49% қарзи додашуда дар кишвар ба истеъмолот рост меояд, ки ин низ бо ҳадафҳои пешбинигардида мутобиқат надорад.
https://sputnik.tj/20241213/beshtari-sarmoya-khatlon-rusiya-chin-eron-vorid-1065504753.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063833044_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_5578f9ef6a80c9b25e23ca4aaf8a1690.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хатлон, иқтисод, сармоя
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хатлон, иқтисод, сармоя
Ҷалби беш аз 15 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар чор моҳ
Бо вуыуди ин, ҳиссаи сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ чандон назаррас нест
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Тайи моҳҳои январ – апрели соли равон ба иқтисодиёти кишвар 15,4 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар ҷаласаи машваратӣ дар Данғара изҳор дошта, афзуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49% зиёд мебошад.
Аммо президент таъкид кард, ки ҳиссаи сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ чандон назаррас набуда, ҳамагӣ 812 миллион сомонӣ ё 5,5% ташкил додааст.
Роҳбарои давлат аз ҷумла аз ҷалби сармояи хориҷӣ ба вилояти Хатлон гуфта, онро 27 млн сомонӣ арзёбӣ кард. Аммо президент изҳори нигаронӣ намуд, ки сармояи мустақими хориҷӣ дар вилоят давоми чор моҳи соли равон умуман ба қайд гирифта нашудааст.
Роҳбари давлат гуфт, айнан чунин вазъ дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида мегардад.
Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, роҳбарияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва вазорату идораҳои марбутаро вазифадор кард, ки фаъолияти худро ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ куллан вусъат бахшанд.
Дар идома президент дар масъалаи додани қарз гуфта, зикр намуд, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ 9,1 млрд сомонӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37% фоиз зиёд мебошад, аммо ҳаҷми он барои рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоди миллӣ нокифоя аст, тавзеҳ дод президент.
"Дар ин давра аз ҳаҷми умумии қарзи додашуда ҳамагӣ 14 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ ва 11 фоиз ба соҳаи саноат рост меояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда кофӣ нест", - илова кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ҳамчунин гуфт, 49% қарзи додашуда дар кишвар ба истеъмолот рост меояд, ки ин низ бо ҳадафҳои пешбинигардида мутобиқат надорад.