Песков: Мӯҳлатҳои дақиқ барои созиш бо Украина “вуҷуд надорад ва наметавонад дошта бошад"

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПереговоры России и Украины в Стамбуле
Переговоры России и Украины в Стамбуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2025
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия қайд кард, ки Русия ва Украина барои таҳияи матни лоиҳаи тафоҳумнома дар бораи ҳалли низоъ бо музокироти ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Лоиҳаи тафоҳумнома байни Маскав ва Киевро ҳарду ҷониб таҳия хоҳанд кард.
Сипас, барои таҳияи матни ягона "тамосҳои мушкил" дар пай дорад, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар шарҳи гуфтугӯи телефонии президентҳои Русия ва Амрико Владимир Путин ва Доналд Трамп.
Раҳбари Русия дар пайи сӯҳбат бо ҳамтои амрикоиаш хабар дод, ки раҳбари Амрико мавзеъгирии худро дар мавриди поёни амалиёти низомӣ дар Украина баён кардааст.
Путин сӯҳбатро пурмазмун, ошкоро ва хеле муфид хонд.
"Президенти ИМА мавкеи худро дар бобати поёни ҷанг ва оташбас баён кард”. – гуфт Песков.
Ба гуфтаи Путин, вай аз Трамп барои пуштибонии ИМА дар азсаргирии музокироти мустақими Киев ва Маскав, ки як вақт онҳо аз ҷониби Украина пурра қатъ шуда буданд, "дар мавриди имзои эҳтимолии созишномаи сулҳ" изҳори сипос кардааст.
Путин таъкид кард, ки Русия ҷонибдори қатъии ҷанг аст, аммо бояд роҳҳои муассиртарин барои расидан ба сулҳ таҳия шавад.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2025
Ҷаҳон интизор аст: Путин ва Трамп мавзӯҳое барои гуфтугӯ доранд
Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, чизи асосӣ ин аз байн бурдани сабабҳои аслии низоъ аст.
Тавре ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор дошт, Трамп Русияро яке аз шарикони муҳими тиҷоративу иқтисодии ИМА медонад.
Дар навбати худ, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, пас аз сӯҳбат бо раҳбари Русия Владимир Путин изҳори итминон кард, ки дар ҳалли муноқиша дар Украина тағйироти ҷиддӣ ба дунбол хоҳад омад.
Вай ҳамчунин иддаоҳоеро рад кард, ки гӯё Русия барои ҳалли муноқишаи Украина шитоб намекунад.
Трамп инчунин ба саволе, ки оё ӯ ба хоҳиши раҳбари Русия барои расидан ба созиши Украина бовар дорад, посухи мусбат дод.
Оқои Трамп гуфт, ки агар дар ҳалли масъалаи Украина пешравии ҷиддие ба даст наояд, Иёлоти Муттаҳида нақши худро дар ҳалли масъала ба Аврупо вогузор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0