https://sputnik.tj/20250520/bozori-nohiyai-spitamen-komi-otash-raft-aks-1067399242.html
Бозори ноҳияи Спитамен ба коми оташ рафт. Акс
Бозори ноҳияи Спитамен ба коми оташ рафт. Акс
Sputnik Тоҷикистон
Бегоҳӣ вақте офтоб ғуруб мекард, дӯди сиёҳе аз ноҳияи Спитамен ба фарози осмон мерасид
2025-05-20T14:59+0500
2025-05-20T14:59+0500
2025-05-20T17:45+0500
дар тоҷикистон
сӯхтор
оташ
бозор
спитамен
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/14/1067398862_0:23:1198:697_1920x0_80_0_0_869b0fc67ecd80495bb98fc42279e131.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Маълум гардид, ки бозори масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Спитамен ба коми оташ рафтааст.Рухдоди ин ҳолатро дар Идораи сӯхторнишонии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд. Бино ба иттилоъи манбаъ бар асари сӯхтор дар ҶДММ “Бунёдкори Нов” беш аз 250 метри мураббаъ саҳну атрофи бозор сӯхта хокистар гаштааст.Бино ба иттилоъи манбаъ барои хомӯш намудани алангаи оташ сӯхторнишонҳо аз шаҳру ноҳияҳои атрофи ноҳияи Спитамен даъват карда шудаанд.Зимнан мақомот сабаби рухдоди сӯхтор ва хисороти расида аз ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.Таҳқиқи ин ҳодиса ба зимаи мақомоти милитсия вогузор шудааст.Бар пояи иттилои мақомоти умури дохилӣ шоми дирӯз ду ҳодисаи сӯхтори дигар дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он оғилхона ва ошхонаи сокинон зарар дидааст.Ҳамасола бар асари ҳодисаҳои сӯхтор даҳҳо иншоот дар Тоҷикистон ба комиоташ рафта ва зарари он марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.
https://sputnik.tj/20250519/mard-kudak-sukhtor-rusiya-najot-tojik-1067376117.html
спитамен
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/14/1067398862_120:0:1080:720_1920x0_80_0_0_9a9722f234cb52134cde9d71b13e5a61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, спитамен, бозор, оташ, сӯхтор, акс, суғд
тоҷикистон, спитамен, бозор, оташ, сӯхтор, акс, суғд
Бозори ноҳияи Спитамен ба коми оташ рафт. Акс
14:59 20.05.2025 (Навсозишуда: 17:45 20.05.2025) Бегоҳӣ вақте офтоб ғуруб мекард, дӯди сиёҳе аз ноҳияи Спитамен ба фарози осмон мерасид
ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Маълум гардид, ки бозори масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Спитамен ба коми оташ рафтааст.
Рухдоди ин ҳолатро дар Идораи сӯхторнишонии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ бар асари сӯхтор дар ҶДММ “Бунёдкори Нов” беш аз 250 метри мураббаъ саҳну атрофи бозор сӯхта хокистар гаштааст.
“Ҳодиса тақрибан соатҳои 17:30 дақиқа дар растаи фурӯши чубу тахта дар бозори ноҳияи Спитамен рух додааст” – гуфт, манбаъ.
Бино ба иттилоъи манбаъ барои хомӯш намудани алангаи оташ сӯхторнишонҳо аз шаҳру ноҳияҳои атрофи ноҳияи Спитамен даъват карда шудаанд.
© SputnikПожар на рынке в районе Спитамена

Пожар на рынке в районе Спитамена
© SputnikПожар на рынке в районе Спитамена

Пожар на рынке в районе Спитамена
Пожар на рынке в районе Спитамена
Пожар на рынке в районе Спитамена
Зимнан мақомот сабаби рухдоди сӯхтор ва хисороти расида аз ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Таҳқиқи ин ҳодиса ба зимаи мақомоти милитсия вогузор шудааст.
Бар пояи иттилои мақомоти умури дохилӣ шоми дирӯз ду ҳодисаи сӯхтори дигар дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он оғилхона ва ошхонаи сокинон зарар дидааст.
Ҳамасола бар асари ҳодисаҳои сӯхтор даҳҳо иншоот дар Тоҷикистон ба комиоташ рафта ва зарари он марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.