Бонки Исломии Рушд барои сохтмони НБО “Роғун” 550 млн. доллар медиҳад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Рустам Эмомали осмотрели ход работ на плотине Рогунской ГЭС
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали осмотрели ход работ на плотине Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2025
Обуна шудан
Ба иттилои вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон 150 млн. доллар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 млн. доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб ҷудо хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Масъалаи маблағгузории сохтмони НБО "Роғун" дар вохӯрии ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Вохурӣ дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР), ки дар Алҷазоир баргузор мегардад, сурат гирифт.
Оқои Завқизода дар ин дидор қайд кард, ки ҳамкориҳо бо Гурӯҳи БИР то ба сатҳи баланд рушд ёфта, Тоҷикистон БИР-ро ҳамчун шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.
© Foto / Министерство экономического развития и торговли республики ТаджикистанМинистр экономического развития и торговли встретился с Президентом Группы Исламского банка развития
Министр экономического развития и торговли встретился с Президентом Группы Исламского банка развития - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2025
Манбаъ қайд кардааст, ки зимни вохӯрӣ БИР лоиҳаи маблағгузории сохтмони НБО "Роғун"-ро дар ҳаҷми умумии 550 млн. доллар дастгирӣ намудааст.
Қайд гардидааст, ки маблағҳоои ҷудошуда 150 млн. доллараш аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 млн. доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб равона хоҳанд шуд.
Оқои Завқизода аз роҳбарияти Бонк дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, бахусус лоиҳаҳои сохтмони НБО "Роғун", роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ - Дустӣ, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, бахши хусусӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин таъмини иҷрои Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва БИР барои солҳои 2023-2026 маблағгузориро зиёд намояд.
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2025
Тоҷикистон барои 20 сол аз Роғун ба Қазоқистон нерӯи барқ мефурӯшад
Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки аз оғози ҳамкорӣ то имрӯз Гурӯҳи БИР ба иқтисоди миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 916 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0