https://sputnik.tj/20250519/tojikiston-mintaqa-masuliyat-spad-mavqe-makhsus-rais-parlumon-1067381224.html
Тоҷикистон дар минтақаи масъулияти СПАД мавқеи махсусро ишғол мекунад - Раиси парлумон
Тоҷикистон дар минтақаи масъулияти СПАД мавқеи махсусро ишғол мекунад - Раиси парлумон
Sputnik Тоҷикистон
Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ аз имконоти АП СПАД ба манфиати таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона истифода кунад, гуфт Идизода
2025-05-19T12:58+0500
2025-05-19T12:58+0500
2025-05-19T13:05+0500
дар тоҷикистон
спад
амният ва мудофиа
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066635048_177:0:2048:1053_1920x0_80_0_0_463b3747ffffc8c491d5da90f7b7c8c9.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тайи солҳои охир Тоҷикистон дар самти масъулияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ҷилавгирӣ аз густариши терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои байналмилалӣ мавқеи махсусро ишғол кардааст. Дар ин бора Файзалӣ Идизода, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД дар Бишкек изҳор дошт.Ба таъкиди Идизода, АП СПАД ҳамчун як ҳалқаи муҳими ҳамоҳангсоз дар эҷоди ҷанбаҳои меъёрию ҳуқуқии ташаккули низоми амнияти дастаҷамъӣ баромад мекунад. Ӯ афзуд, Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ аз имконоти Ассамблея ба манфиати таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона истифода кунад."Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи равобити низомию сиёсӣ, ҳамчунин ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон дар бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодӣ манфиатдор аст. Мо такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии вазорату хадамотҳои дахлдори кишварамонро ҷанбаи хеле муҳим мешуморем", - таъкид кард Идизода. Вай қайд кард, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар доираи СПАД дар пешрафти амалии тамоми маҷмӯи вазифаҳое, ки ба таъмини ҳаёти амн ва осоиштаи мардуми кишварҳои ин созмон равона шудаанд, идома диҳад. Тоҷикистон ва СПАДМоҳи ноябри соли 2024 дар Остона Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кард. Қаблан Имоналӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД хабар дода буд, ки иҷрои ин барнома, ки барои панҷ сол пешбинӣ шудааст, аз соли 2025 оғоз мешавад ва ба гуфтаи ӯ, дар ин барнома тадбирҳои мушаххас барои таъмини амнияти қисмати ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД пешбинӣ шудааст. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон тӯлонитарин марз дорад - 1344 километр - ва мустақиман бо чаҳор вилояти шимолу шарқии он ҳаммарз аст, ки ҳамеша омодагиро тақозо мекунад.
https://sputnik.tj/20250124/spad-muhlat-ijro-barnoma-marz-tojikiston-afghoniston-muayyan-kard-1065979665.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066635048_229:0:2048:1364_1920x0_80_0_0_8450cb21e26ceafdebd65e3e92ea5242.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон минтақа масъулият спад мавқе махсус ишғол
тоҷикистон минтақа масъулият спад мавқе махсус ишғол
Тоҷикистон дар минтақаи масъулияти СПАД мавқеи махсусро ишғол мекунад - Раиси парлумон
12:58 19.05.2025 (Навсозишуда: 13:05 19.05.2025) Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ аз имконоти АП СПАД ба манфиати таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона истифода кунад, гуфт Идизода
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тайи солҳои охир Тоҷикистон дар самти масъулияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ҷилавгирӣ аз густариши терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои байналмилалӣ мавқеи махсусро ишғол кардааст.
Дар ин бора Файзалӣ Идизода, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД дар Бишкек изҳор дошт.
"Дар чанд соли охир кишвари мо дар самти масъулияти ин созмон мавқеи махсусро ишғол намуда, ҳамчун садди боэътимод дар роҳи паҳншавии терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баромад мекунад", - гуфт ӯ.
Ба таъкиди Идизода, АП СПАД ҳамчун як ҳалқаи муҳими ҳамоҳангсоз дар эҷоди ҷанбаҳои меъёрию ҳуқуқии ташаккули низоми амнияти дастаҷамъӣ баромад мекунад.
Ӯ афзуд, Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ аз имконоти Ассамблея ба манфиати таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона истифода кунад.
"Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи равобити низомию сиёсӣ, ҳамчунин ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон дар бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодӣ манфиатдор аст. Мо такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии вазорату хадамотҳои дахлдори кишварамонро ҷанбаи хеле муҳим мешуморем", - таъкид кард Идизода.
Вай қайд кард, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар доираи СПАД дар пешрафти амалии тамоми маҷмӯи вазифаҳое, ки ба таъмини ҳаёти амн ва осоиштаи мардуми кишварҳои ин созмон равона шудаанд, идома диҳад.
Моҳи ноябри соли 2024 дар Остона Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кард.
Қаблан Имоналӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД хабар дода буд, ки иҷрои ин барнома, ки барои панҷ сол пешбинӣ шудааст, аз соли 2025 оғоз мешавад ва ба гуфтаи ӯ, дар ин барнома тадбирҳои мушаххас барои таъмини амнияти қисмати ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон тӯлонитарин марз дорад - 1344 километр - ва мустақиман бо чаҳор вилояти шимолу шарқии он ҳаммарз аст, ки ҳамеша омодагиро тақозо мекунад.