СПАД муҳлати иҷрои барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро муайян кард

© Sputnik / Амир ИсаевФлаг Таджикистана и ОДКБ
Флаг Таджикистана и ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2025
Обуна шудан
Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки ба таъмини амният дар қисмати ҷанубии минтақаи зери масъулияти СПАД нигаронида шудааст, аз 3 марҳила иборат аст
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Иҷрои барномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон аз соли 2025 оғоз мешавад.
Дар ин бора Имангалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар як чорабинӣ бахшида ба натиҷаҳои кори котибот ва ситоди муштараки ин созмон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025, ки дар Маскав баргузор шуд, хабар дод.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин раиси ситоди муштараки СПАД Андрей Сердюков ширкат дошт.
"Барнома тадбирҳои мушаххасеро дар бар мегирад, ки ба таъмини амнияти қисмати ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД нигаронида шудаанд", - гуфт Тасмағамбетов.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2024 асноди марбут ба муҷаҳҳаз сохтани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои СПАД бо аслиҳа ва таҷҳизоти муосир баррасӣ ва имзо шуд.
Военнослужащие вооруженных сил Таджикистана на оперативно-стратегических учениях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2025
Коршинос: Русия ва СПАД кафили асосии амнияти Тоҷикистон мебошанд
Дабири кулл ҳамчунин қайд кард, ки соли гузашта барои СПАД осон набуд, вале ҳама нақшаҳо иҷро шуданд.
Ёдовар мешавем, ки иҷрои барномаи ҳадафманди таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон 5 солро дар бар мегирад.
Барнома аз се марҳила иборат аст, ки инҳо ташкил, таҳвили аслиҳа ва техника барои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0