СПАД аз соли оянда барои таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон силоҳу таҷҳизот медиҳад

© Foto / Объединенный пресс-центр учений ОДКБУчастники совместного учения ОДКБ направляются в Республику Таджикистан
Участники совместного учения ОДКБ направляются в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2025
Обуна шудан
Тақвияти марзҳои ҷанубии созмон дар умум хеле фаъол пеш меравад гуфт, дабири кулли СПАД ва изҳори умед кард, ки ҳама тасмимот дар ин самт амалӣ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) тасмим гирифтааст, ки аз соли 2026 ба интиқоли силоҳу таҷҳизот барои таҳкими марзҳои ҷанубии ин созмон, бахусус марзи Тоҷикистону Афғонистон шурӯъ кунад.
Дар ин борагуфт Имоналӣ Тасмағамбетов, дабири куллӣ Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи порлумонии СПАД дар Бишкек изҳор дошт.
"Қабули як барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон далели омодагии муштараки иттифоқчиён барои таҳкими марзҳои ҷанубии ин созмон бо талошҳои муштарак аст. Ҳоло вазифа аз он иборат аст, ки ба таври комил амалӣ шавад", - гуфт номбурда.
Ба гуфтаи Тасмағамбетов, рӯзи 11 апрели соли 2025 зимни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Душанбе ба масъалаҳои татбиқи марҳилаи барномаи мақсадноки байнидавлатӣ аз нигоҳи таъминоти молиявӣ, инчунин доираи аслиҳа, воситаҳои ҳарбию техникӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Председатель нижней палаты парламента Таджикистана Файзали Идизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2025
Тоҷикистон дар минтақаи масъулияти СПАД мавқеи махсусро ишғол мекунад - Раиси парлумон
"Дар умум кор хеле фаъол пеш меравад ва мо умедворем, ки ин паймон аз лиҳози амалҳои ҳамоҳангшуда ва тасмимҳои амалӣ калидӣ хоҳад буд, ки имкон медиҳад аз соли 2026 дар доираи ин барномаи ҳадафманд силоҳу таҷҳизоти зарурии ҳарбӣ таъмин карда шавад", - таъкид кард дабири кулли СПАД.

Тоҷикистон ва СПАД

Моҳи ноябри соли 2024 дар Остона Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кард.
Қаблан Имоналӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД хабар дода буд, ки иҷрои ин барнома, ки барои панҷ сол пешбинӣ шудааст, аз соли 2025 оғоз мешавад ва ба гуфтаи ӯ, дар ин барнома тадбирҳои мушаххас барои таъмини амнияти қисмати ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон тӯлонитарин марз дорад - 1344 километр - ва мустақиман бо чаҳор вилояти шимолу шарқии он ҳаммарз аст, ки ҳамеша омодагиро тақозо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0