Қурби асъор: Рубл дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфт

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2025
Обуна шудан
Тибқи нишондоди тозаи танзимгари асъор дар Тоҷикистон, қимати арзи русӣ нисбат ба нишондодҳои охири ҳафтаи гузашта 1 сомон коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Қимати пули русӣ дар қиболи арзи миллӣ дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тозаи Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 128 сомонӣ арзиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 129 сомонӣ буд.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам каме поин шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.3848 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,3757 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ каме боло рафта, ҳар евро 11,6208 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,6175 сомонӣ медоданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари гуфтушунидҳои Русия ва ИМА дар бораи анҷоми низоъи Украина, рубл нисбат ба доллар якбора боло рафт, ки ин ба сомонӣ низ таъсир кард.
Денежные купюры США и монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Путин: Русия ва Тоҷикистон дар додугирифт аз арзҳои хориҷӣ тақрибан даст кашиданд
Асъори русӣ даҳаи сеюми апрел ба нишондодҳои соли 2023 расида, ҳар 1000 рубл ба 135,5 сомонӣ баробар гардида буд.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0