Дар Русия як ронандаи тоҷикро қадрдонӣ карданд

© Foto / Мэрия КрасноярскаЗакир Джалилов
Закир Джалилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2025
Обуна шудан
Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Красноярск ба ҳайси ронандаи автобуси мусофирбар кор мекунад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Сокини Истаравшан, Зокир Ҷалиловро Раёсати нақлиёти минтақаи Красноярск барои наҷот додани як кӯдаки роҳгумзада қадрдонӣ кард.
Ба иттилои расонаҳо, Ҷалилов дар ин минтақа ба ҳайси ронандаи автобуси мусофирбари рақами №88 кор мекунад.
Дар истгоҳи автобус дар маҳаллаи Ветлужанка як мактаббачаи тахминан 8 - сола вориди автобус шуда, аз ронанда хоҳиш кард, ки ӯро ба хонааш барад, чун пул надорад ва наметавонад мустақилона ва хона равад.
Кӯдак суроғаи хонаашро гуфт ва то расидан ба хонаи ӯ якуним соат вақл лозим буд.
Рейд по проверке документов у мигрантов в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2024
Сокинони Суғд ба муҳоҷиратравиро кам карданд
Раёсати нақлиёт мегӯяд, ронанда пас аз анҷоми кор худаш кӯдакро бурда ба дасти модараш супурд ва аз ӯ миннатдорӣ шунид.
Маълум шуд, ки мавсуф ҳамроҳ бо зану ду фарзанд дар Красноярск ба сар мебаранд. Ӯ гуфт, чун худ фарзандор дорад аз ин рӯ натавонист кӯдакро дар шаб танҳо гузорад.
Барои ин кор Раёсати нақлиёти минтақаи мазкур ба Ҷалилов сипоснома тақдим кард ва ваъда дод, ки ҳатман мукофотпулӣ ҳам хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0