https://sputnik.tj/20250519/dodgoh-maskav-habs-muttaham-parvanda-hamla-terroristi-krokusro-tamdid-1067386174.html
Додгоҳи Маскав ҳабси чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокусро тамдид кард
Додгоҳи Маскав ҳабси чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокусро тамдид кард
Sputnik Тоҷикистон
Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ташкили ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Маскав гумонбар мешаванд, дар боздошт боқӣ хоҳанд монд 19.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-19T16:30+0500
2025-05-19T16:30+0500
2025-05-19T17:19+0500
додгоҳи москав
муттаҳам
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
маскав
крокус сити холл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062228475_0:0:2851:1604_1920x0_80_0_0_34d4eb3816a3df54888a50cf4bdba402.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Маскав муҳлати боздошти чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Crocus City Hall тамдид карда шуд.Ин тасмимро Додгоҳи шаҳри Маскав содир кардааст. Муҳлати ҳабс барои 4 моҳи дигар тамдид шуд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳ. Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити ХоллРӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.Баъдан боз панҷ муттаҳами парвандаи ҳамла аз Доғистон ба Маскав интиқол ёфтанд - чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ва як русиягӣ. Онҳо ба “маблағгузорӣ ва таъмини омилони ҳамлаи террористӣ бо воситаҳои террористӣ, инчунин тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар Каспий" муттаҳам мешаванд. Дар авоили моҳи ноябр маълум шуд, ки боз ду муттаҳам дар ин парванда боздошт шудаанд ва онҳо ба қочоқи ғайриқонунии аслиҳа ва маводи тарканда муттаҳам мешаванд.Муфаттишон бар ин боваранд, ки онҳо силоҳро ба террористон супурдаанд. Ду шарики онҳо пинҳон шуда, дар ҷустуҷӯи пулис қарор доранд. * Ба феҳристи террористон ва экстремистҳо аз ҷониби Росфинмониторинг дохил карда шудааст.
https://sputnik.tj/20250322/krokus-mujassama-yodgori-qurboniyon-hamla-terroristi-iftitoh-yoft-1066685742.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062228475_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_67945cc1f90a13a135a09552dbd64b3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
додгоҳи москав, муттаҳам, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, маскав, крокус сити холл
додгоҳи москав, муттаҳам, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, маскав, крокус сити холл
Додгоҳи Маскав ҳабси чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокусро тамдид кард
16:30 19.05.2025 (Навсозишуда: 17:19 19.05.2025) Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ташкили ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Маскав гумонбар мешаванд, дар боздошт боқӣ хоҳанд монд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Маскав муҳлати боздошти чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Crocus City Hall тамдид карда шуд.
Ин тасмимро Додгоҳи шаҳри Маскав содир кардааст.
Муҳлати ҳабс барои 4 моҳи дигар тамдид шуд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳ.
"Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Маскав дархости муфаттишон қонеъ ва муҳлати ҳабси ҳар як муттаҳамон: Далерҷон Мирзоев*, Муҳаммадсобир Файзов*, Фаридуни Шамсиддин* ва Саидакрам Раҷабализода* ба муҳлати 3 моҳу 28 рӯз тамдид карда шуд", — хабар медиҳад дафтари матбуот.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Баъдан боз панҷ муттаҳами парвандаи ҳамла аз Доғистон ба Маскав интиқол ёфтанд - чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ва як русиягӣ.
Онҳо ба “маблағгузорӣ ва таъмини омилони ҳамлаи террористӣ бо воситаҳои террористӣ, инчунин тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар Каспий" муттаҳам мешаванд.
Дар авоили моҳи ноябр маълум шуд, ки боз ду муттаҳам дар ин парванда боздошт шудаанд ва онҳо ба қочоқи ғайриқонунии аслиҳа ва маводи тарканда муттаҳам мешаванд.
Муфаттишон бар ин боваранд, ки онҳо силоҳро ба террористон супурдаанд. Ду шарики онҳо пинҳон шуда, дар ҷустуҷӯи пулис қарор доранд.
* Ба феҳристи террористон ва экстремистҳо аз ҷониби Росфинмониторинг дохил карда шудааст.