Муҳриддину Ироқчӣ аз бесуботӣ дар Ховари Миёна изҳори нигаронӣ карданд

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин на переговорах с Сергеем Лавровым
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин на переговорах с Сергеем Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2025
Обуна шудан
Ҳамчунин ҷонибҳо бар муштаракоти амиқи фарҳангӣ, забонӣ ва тамаддунии Тоҷикистону Эрон таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки ба хотири иштирок дар Анҷумани "Муколамаи Теҳрон" дар Эрон қарор дорад, бо ҳамтои эронии худ Аббос Ироқчӣ дидору гуфтугӯ доир кард.
Дар ин бора дафтари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дипломатҳои Тоҷикистону Эрон зимни мулоқот вазъи Ховари Миёнаро нигаронкунанда арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид карданд.
Ҷаласаи 56-уми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2025
Сейтимов: Террористҳо барои расидан ба аҳдофи худ қобилияташонро тақвият додаанд
Манбаъ афзуд, дар мулоқот ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ, гардиштарӣ дар заминаи мусоиди фароҳам омада тақвият хоҳад ёфт.
Илова бар ин, ба масъалаҳои вусъат додани ҳамкории маданӣ ва ҳарбӣ низ дахл карданд.
Қаблан, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз сафари Муҳриддин ба Эрон хабар дода, афзуд, ки вазири тоҷик бо кишвардори Эрон Масъул Пизишкиён ва ҳамчунини ҳамтои эронии худ Аббос Ироқчӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0