https://sputnik.tj/20250505/afzoishi-jamovari-andoz-tojikiston-1067219770.html
Ба ҷои 5 миллиард 6 миллиард ҷамъ шуд: Афзоиши ҷамъоварии андоз дар Тоҷикистон
Ба ҷои 5 миллиард 6 миллиард ҷамъ шуд: Афзоиши ҷамъоварии андоз дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти андози ҷумҳурӣ дар маҷмуъ иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро барои давраҳои муайяншудаи ҳисоботӣ таъмин менамояд
2025-05-05T09:36+0500
2025-05-05T09:36+0500
2025-05-05T09:36+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
буҷа
андоз
кумитаи андоз
ҷамъоварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0c/1063897269_0:322:3069:2048_1920x0_80_0_0_edec7330afe14fc0a530ff98f39349a0.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2025 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 111,9 % таъмин гардид.Ба гуфтаи ин ниҳод, ба ҷои 5 миллиарду 445,9 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 6 миллиарду 94,1 миллион сомонӣ ворид гардид.Қайд карда шудааст, ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 648,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Ёдовар мешавем, ки қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифи тарҳи буҷа дар парлумони Тоҷикеистон гуфта буд, ки дар соли 2025, даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 15,4 дарсад ба нақша гирифта шудааст.Ҳамчунин дар буҷа воридоти андозҳои дохилӣ тавассути мақомоти андоз дар ҳаҷми 22,7 млрд сомонӣ бо афзоиши 20,4 дарсад, гумрук 10,4 млрд сомонӣ бо афзоиши 23,4 дарсад, воридоти ғайриандозӣ 1,2 млрд сомонӣ бо афзоиши 34,4 дарсад, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 11,2 млрд сомонӣ бо мутаносибан 60 дарсад грантҳо ва 40 дарсад қарзҳо ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20240821/buja-zarar-nigaronii-maqomot-andoz-faoliyati-shirkathoi-yakruza-1064014863.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0c/1063897269_282:0:3013:2048_1920x0_80_0_0_2decb8e691d3af1351244aae5001e95e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, андоз, ҷамъоварӣ, афзоиш, иқтисод
тоҷикистон, андоз, ҷамъоварӣ, афзоиш, иқтисод
Ба ҷои 5 миллиард 6 миллиард ҷамъ шуд: Афзоиши ҷамъоварии андоз дар Тоҷикистон
Мақомоти андози ҷумҳурӣ дар маҷмуъ иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро барои давраҳои муайяншудаи ҳисоботӣ таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2025 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 111,9 % таъмин гардид.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ба ҷои 5 миллиарду 445,9 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 6 миллиарду 94,1 миллион сомонӣ ворид гардид.
Қайд карда шудааст, ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 648,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифи тарҳи буҷа дар парлумони Тоҷикеистон гуфта буд, ки дар соли 2025, даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 15,4 дарсад ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар буҷа воридоти андозҳои дохилӣ тавассути мақомоти андоз дар ҳаҷми 22,7 млрд сомонӣ бо афзоиши 20,4 дарсад, гумрук 10,4 млрд сомонӣ бо афзоиши 23,4 дарсад, воридоти ғайриандозӣ 1,2 млрд сомонӣ бо афзоиши 34,4 дарсад, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 11,2 млрд сомонӣ бо мутаносибан 60 дарсад грантҳо ва 40 дарсад қарзҳо ба нақша гирифта шудааст.