Бештари сармоя ба вилояти Хатлон аз Русия, Чин ва Эрон ворид шудааст

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонДавлатали Саид, глава Хатлонской области Таджикистана
Давлатали Саид, глава Хатлонской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли равон ба вилоят 7,2 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Тавре раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ахиран дар иҷлоси Маҷлиси вакилони халқи вилоят хабар дод, дар давраи ҳисоботӣ ба вилоят 7,2 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4,3 млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон қайд кард, ки айни замон дар вилоят 52 ташкилоту корхона бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият доранд.
Вай таъкид кард, ки бештари маблағҳо аз Русия (40,2 %), Чин (37,1 %) ва Эрон (18,4 %) ворид гардидааст.
Ҳамчунин Давлаталӣ Саид қайд кард, ки дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғоз зиёда аз 1,7 млрд. доллар барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ирригатсия ва обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.
Авазджон Назарзода, прокурор Хатлонской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2024
Парванда алайҳи 67 мансабдори Хатлон барои фурӯши замин
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон дар ин ҷаласа иттилоъ дод, ки дар ин давра, гардиши савдои хориҷӣ ба 407 млн. доллар расонида шуд, ки аз ин нишондиҳанда 188,5 млн. доллар содироти молу маҳсулот ва 218,4 млн. доллари дигарро маҳсулоти воридотӣ ташкил медиҳад.
“Гардиши мол ба 16,3 млрд. сомонӣ расонида шуда, дар қиёс нисбат ба дурнамои пешбинишуда 101,9 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126,1 фоиз таъмин гардид”, - қайд кард Давлаталӣ Саид.
Лентаи хабарҳо
0