https://sputnik.tj/20250517/harakati-avtobusho-shahrhoi-tojikiston-qirghiziston-barqaror-1067360831.html
Ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барқарор мешавад
Ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барқарор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ахиран масъалаи барқарор сохтани ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои ду кишварро баррасӣ намуданд
2025-05-17T10:21+0500
2025-05-17T10:21+0500
2025-05-17T10:21+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
нақлиёт
ҳаракат
автобус
барқарор кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046180655_0:106:1024:682_1920x0_80_0_0_c9dbbcf19a1236dd833da0ebde37ea1c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири нақлиёти Қирғизистон Абсаттор Сиргабоев масъалаи аз нав барқарор сохтани ҳаракати автобусҳо тариқи хатсайрҳои "Хуҷанд – Ош", "Хуҷанд – Баткен" ва "Исфара – Баткен" - ро баррасӣ намуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорат, мулоқоти вазирони нақлиёти ду кишвар дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, сурат гирифтааст.Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки ин хатсайрҳо қаблан аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори нақлиётии ҳарду ҷониб мувофиқа ва ифтитоҳ шуда буданд.Қайд карда шудааст, ки мулоқоти вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.Ёдовар мешавем, ки баъд аз имзои созишномаи марзӣ миёни ду кишвар дар моҳи марти соли равон нахуст парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор шуд.Аввалин парвоз дар масири Душанбе - Бишкек санаи 14-уми марти соли 2025 амалӣ гардид.
https://sputnik.tj/20250331/saron-tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-sozishnoma-tarikh-imzo-kardand-1066794921.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046180655_26:0:935:682_1920x0_80_0_0_44117a5953e457ca27a1a1337236f1ef.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ҳаракат, автобус, барқарор, вазорати нақлиёт, нақлиёт
тоҷикистон, қирғизистон, ҳаракат, автобус, барқарор, вазорати нақлиёт, нақлиёт
Ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барқарор мешавад
Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ахиран масъалаи барқарор сохтани ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои ду кишварро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири нақлиёти Қирғизистон Абсаттор Сиргабоев масъалаи аз нав барқарор сохтани ҳаракати автобусҳо тариқи хатсайрҳои "Хуҷанд – Ош", "Хуҷанд – Баткен" ва "Исфара – Баткен" - ро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, мулоқоти вазирони нақлиёти ду кишвар дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, сурат гирифтааст.
Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки ин хатсайрҳо қаблан аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори нақлиётии ҳарду ҷониб мувофиқа ва ифтитоҳ шуда буданд.
“Бо мақсади истифодаи иқтидори транзитии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки баҳрабардорӣ аз қитъаи роҳи оҳани "Спитамен – Истиқлол – Спитамен" - и вилояти Суғд барои интиқоли борҳои Қирғизистон аз сар гирифта шавад”, - хабар додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки мулоқоти вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз имзои созишномаи марзӣ миёни ду кишвар дар моҳи марти соли равон нахуст парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор шуд.
Аввалин парвоз дар масири Душанбе - Бишкек санаи 14-уми марти соли 2025 амалӣ гардид.