70% меваҳои хушки Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон содирот мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевОрешки и сухофрукты на рынке
Орешки и сухофрукты на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2025
Обуна шудан
Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст, ки содироти меваҳои хушки ҷумҳурӣ ба кишварҳои хориҷ дар ҳоли рӯ ба афзоиш аст
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Танҳо дар семоҳаи аввали соли 2025 аз кишвар зиёда аз 26,500 тонна меваи хушк ба хориҷ содир шудааст, ки арзиши он зиёда аз 9,4 миллион долларро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, то охири соли 2025 ҳаҷми содирот хушкмева дар муқоиса бо соли гузашта то 12% афзоиш меёбад, дар ҳоле ки арзиши умумии он то 16% боло меравад.
Дар ҳоле, ки содироти хушкмева дар соли 2023 — 81,8 ҳазор тонна ва дар соли соли 2024 — 90,1 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.
Қайд карда шудааст, ки бозорҳои асосии фурӯш кишварҳои ИДМ, Олмон, Чин ва Туркия мебошанд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки зиёда аз 70% содирот ба Русия ва Қазоқистон рост меояд.
Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2023
Русия омодааст аз Тоҷикистон гӯшти мурғ, тухм, хушкмева ва сабзавот харидорӣ намояд
Мавқеи пешсаф дар сабади содиротии Тоҷикистонро ангураи хушк, мавиз, олуболӯи хушк, анҷир ва чормағз ишғол мекунанд.
Ҳамзамон мақомоти Тоҷикистон қайд кардааст, ки рақобат аз ҷониби Туркия, Эрон, Афғонистон ва Узбекистон, монеаҳои логистикӣ ва афзоиши хароҷотҳо мушкилоти асосӣ дар соҳа мебошад.
Лентаи хабарҳо
0