Лайк дар шабакаҳои иҷтимоӣ дигар ҷавобгарии ҷиноятӣ надорад: Раҳмон қонунро имзо кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон провёл рабочее совещание с руководителями ряда государственных структур и инвестиционных проектов в области энергетики.
Эмомали Рахмон провёл рабочее совещание с руководителями ряда государственных структур и инвестиционных проектов в области энергетики. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон заре чанд қонунҳое, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси олӣ ҷонибдорӣ шуданд имзо гузошт
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузошт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қонуни Тоҷикистон "Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ", қонунҳои Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаҳо ба "Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон" ва ба Қонун "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки қонуни Тоҷикистон "Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ" ба дастгирии давлатии сармоягузорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона гардидааст.
Первая сессия Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2025
Раҳмон ба Попи Рум Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол кард
Аз ҷумла қонуни кишвар "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон" бошад ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар шабакҳои иҷтимоӣ гузоштани лайк ё дигар аломат бекор мекунад.
Таъкид шудааст, ки қонунҳои баимзорасида барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0