https://sputnik.tj/20250515/overchuk-sozishnomai-iiao-eron-rusiya-imkoniyatho-sodirot-1067351338.html
Оверчук: Созишномаи ИИАО ва Эрон барои Русия имкониятҳои навро барои содирот боз мекунад
Оверчук: Созишномаи ИИАО ва Эрон барои Русия имкониятҳои навро барои содирот боз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Созишнома ба содиркунандагони рус имкон медиҳад, ки ба Эрон маҳсулоте, ки қаблан ба далели боҷҳои баланд рақобат надоштанд, содирот кунанд
2025-05-15T18:59+0500
2025-05-15T18:59+0500
2025-05-16T17:55+0500
русия
иқтисод
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
алексей оверчук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/11/1062869606_0:268:3110:2017_1920x0_80_0_0_71efe0135768d9fbd779e05f2cb1aa0b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Эрон, ки аз 15 май эътибор пайдо мекунад, барои ширкатҳои русӣ имконоти нави рақобатпазирро боз мекунад.Дар ин бора ба хабаргузории "Известия" муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук хабар дод.Ба гуфтаи Оверчук, эътибор пайдо кардани созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон, аз як тараф, барои содиркунандагони русӣ барои ворид шудан ба бозори Эрон бо аҳолии 90 миллион нафарӣ шароити беҳтари рақобат фароҳам меорад, аз ҷониби дигар ба мо имкон медиҳад, ки пешниҳоди маҳсулотро дар бозори дохилии худ афзоиш диҳем.Ба гуфтаи вай, Эрон, ки дар давоми даҳсолаҳо боз бозори худро ҳифз мекард ва тавонист тавлидотии дохилро рушд диҳад, барои бори нахуст бозорро ба рӯи колоҳои кишварҳои сеюм боз мекунад.Ин тасмим ба шарофати равобити хос миёни Эрон ва ИИАО имконпазир шуд ва далели ташаккули макроминтақаи нави иқтисодӣ гашт, ки дар қаламрави он ҳаракати озоди молу коло таъмин карда мешавад.Созишнома ба содиркунандагони рус имкон медиҳад, ки ба Эрон маҳсулоте, ки қаблан ба далели боҷҳои баланд рақобат надоштанд, содирот кунанд ва сарфаи солонаи боҷи гумрукии воридотӣ дар ҳаҷми кунунии тиҷорат, ба гуфтаи Оверчук, ҳадди ақалл 300 миллион долларро ташкил медиҳад.Вай гуфт, созишнома барои зиёд кардани боркашонӣ тариқи долони байналмилалии нақлиётии Шимол-Ҷануб дар ҳар ду самт мусоидат хоҳад кард.Қаблан, рӯзи 6 май Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо Масъуд Пезешкиён, раисҷумҳури Эрон, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Русияву Эронро бар асоси Созишномаи мушорикати ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни ду кишвар баррасӣ кардаанд.Қаблан, рӯзи 21 апрел Путин қонунеро имзо кард, ки созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Эронро ба тасвиб мерасонад.
https://sputnik.tj/20250512/eron-ijroi-sozishnoma-iiao-hamkori-tijori-afzoish-1067326100.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/11/1062869606_381:0:3110:2047_1920x0_80_0_0_a10aba3eab89bb3295556db67bac67d7.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, ҳамкорӣ, авруосиё, содирот, иқтисод
ииао, русия, ҳамкорӣ, авруосиё, содирот, иқтисод
Оверчук: Созишномаи ИИАО ва Эрон барои Русия имкониятҳои навро барои содирот боз мекунад
18:59 15.05.2025 (Навсозишуда: 17:55 16.05.2025) Созишнома ба содиркунандагони рус имкон медиҳад, ки ба Эрон маҳсулоте, ки қаблан ба далели боҷҳои баланд рақобат надоштанд, содирот кунанд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Эрон, ки аз 15 май эътибор пайдо мекунад, барои ширкатҳои русӣ имконоти нави рақобатпазирро боз мекунад.
Дар ин бора ба хабаргузории "Известия" муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук хабар дод.
Ба гуфтаи Оверчук, эътибор пайдо кардани созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон, аз як тараф, барои содиркунандагони русӣ барои ворид шудан ба бозори Эрон бо аҳолии 90 миллион нафарӣ шароити беҳтари рақобат фароҳам меорад, аз ҷониби дигар ба мо имкон медиҳад, ки пешниҳоди маҳсулотро дар бозори дохилии худ афзоиш диҳем.
Ба гуфтаи вай, Эрон, ки дар давоми даҳсолаҳо боз бозори худро ҳифз мекард ва тавонист тавлидотии дохилро рушд диҳад, барои бори нахуст бозорро ба рӯи колоҳои кишварҳои сеюм боз мекунад.
Ин тасмим ба шарофати равобити хос миёни Эрон ва ИИАО имконпазир шуд ва далели ташаккули макроминтақаи нави иқтисодӣ гашт, ки дар қаламрави он ҳаракати озоди молу коло таъмин карда мешавад.
Созишнома ба содиркунандагони рус имкон медиҳад, ки ба Эрон маҳсулоте, ки қаблан ба далели боҷҳои баланд рақобат надоштанд, содирот кунанд ва сарфаи солонаи боҷи гумрукии воридотӣ дар ҳаҷми кунунии тиҷорат, ба гуфтаи Оверчук, ҳадди ақалл 300 миллион долларро ташкил медиҳад.
Вай гуфт, созишнома барои зиёд кардани боркашонӣ тариқи долони байналмилалии нақлиётии Шимол-Ҷануб дар ҳар ду самт мусоидат хоҳад кард.
Қаблан, рӯзи 6 май Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо Масъуд Пезешкиён, раисҷумҳури Эрон, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Русияву Эронро бар асоси Созишномаи мушорикати ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни ду кишвар баррасӣ кардаанд.
Қаблан, рӯзи 21 апрел Путин қонунеро имзо кард, ки созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Эронро ба тасвиб мерасонад.