Эрон: Иҷрои созишнома бо ИИАО ҳамкориҳои тиҷориро афзоиш хоҳанд дод

© AP / Vahid SalemiНациональный флаг Ирана над Тегераном.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2025
Обуна шудан
Мақомоти Эрон мегӯяд, ки ИИАО барои Эрон арзиши хоса дорад, зеро он барои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ замина фароҳам месозад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Эрон Исмоил Бақоӣ ба РИА “Новости” гуфт, ки иҷрои созишнома миёни Эрон ва Иттиҳодияииқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ ҳаҷми ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Теҳрон ва кишварҳои ин иттиҳодро афзоиш хоҳад дод.
Дар поёни моҳи март муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук эълом дошт, ки созишнома дар бораи минтақаи озоди тиҷорат миёни Эрон ва ИИАО аз 15 май ба иҷро медарояд.
Бақоӣ дар остонаи эътибор пайдо кардани созишнома ва Рӯзи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё гуфт: "Эътироф шудани ин тавофуқ миёни Эрон ва кишварҳои Иттиҳодия боиси афзоиши қобили мулоҳизаи табодули тиҷоративу иқтисодӣ миёни Эрон ва панҷ кишвар узви ИИАО хоҳад шуд, аз ин рӯ, мо азм дорем, ки аз тамоми имконот барои афзоиши муассири истифода аз зарфиятҳое, ки ҳар яке аз ин кишварҳо дорад, истифода барем".
Ба гуфтаи вай, ИИАО барои Эрон арзиши хоса дорад, зеро он барои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии Теҳрон бо аъзои иттиҳод замина фароҳам меорад.
Вице-премьер правительства РФ А. Новак  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2025
Новак: Русия омода аст, ба тавсеаи равобит байни ИИАО ва Эрон мусоидат кунад
Созишнома миёни ҷонибҳо дар шаҳри Санкт-Петербург 25 декабри соли 2023 ба имзо расида буд.
Тавре, ки оқои Алексей Оверчук қайд карда буд, созишномаи байни ИИАО ва Эрон дар бораи минтақаи озоди тиҷорат ба соҳибкорони Русия имкон медиҳад, ки ҳамасола аз пардохти боҷҳо 300 миллион доллар сарфа кунанд; инчунин зиёда аз 90 фоизи хатҳои маҳсулотро ба сӯи Эрон ва Русия боз мекунад, ки ин барои афзоиши савдо имкониятхои хуб фарохам меоварад.
Рӯзи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 29 май таҷлил мешавад. Дар ҳамин рӯз дар соли 2014 сарони кишварҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон паймон дар бораи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро имзо карданд.
Созишнома аз 1 январи соли 2015 эътибор пайдо карда буд.
Лентаи хабарҳо
0