https://sputnik.tj/20250513/donishju-kishvarho-uzv-shsh-tojikiston-tahsil-1067330601.html
Маълум шуд, ки чӣ қадар донишҷӯ аз кишварҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Маълум шуд, ки чӣ қадар донишҷӯ аз кишварҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамтоёнаш аз СҲШ таҳияи лоиҳаҳои таълимии муштарак, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгоронро пешниҳод кардааст
2025-05-13T13:11+0500
2025-05-13T13:11+0500
2025-05-13T13:11+0500
дар тоҷикистон
вазорати маорифу илми тоҷикистон
раҳим саидзода
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/0d/1067330752_0:237:1723:1206_1920x0_80_0_0_fb846619e0aeb3711fb85b89e2303bf2.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир 36 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои СҲШ ба таҳсил мекунанд.Дар баробари ин 7 ҳазор донишҷӯи кишварҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон ба таҳсил машғуланд, гуфт вазири маорифи кишвар.Раҳим Саидзода зимни суханрониӣ дар конфронси солонаи Донишгоҳҳои СҲШ дар Чин гуфт, ки ҳоло барои густариши ҳамкориҳо ва амалӣ гардидани тарҳҳои муштарак дар дохил ва хориҷи кишварҳои узв шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.Зикр гардид, ки баргузории форумҳои ректорон, барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии муштарак ва дигар иқдомҳои фарҳангиву таълимӣ дар доираи СҲШ имрӯз ба анъанаи неки ҳамкорӣ табдил ёфта, кафолати мустаҳками дӯстӣ ва шарикии кишварҳои узви ин созмон мебошад.Ӯ инчунин ба зарурати ҳамоҳангсозии низоми таҳсилотӣ, густариши лоиҳаҳои муштарак, таҳияи барномаҳои ҳамтаълимӣ, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, таълими пайвастаи калонсолон ва ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ дар самти технологияҳои нав ишора намуд.Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати маориф, дар чорабинии сатҳи баланд ҳамчунин роҳбарони вазоратҳои маорифи Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Чин ҳузур доштанд.Дар ин дидор намояндагони сатҳи баланди баъши маориф имкони муҳимми муаррифии роҳҳои наву инноватсионии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаро баррасӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20250410/tavajjuhi-javononi-idm-tahsil-donishgohhoi-rusiya-afzoish-1066932049.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/0d/1067330752_218:229:1552:1229_1920x0_80_0_0_61242b249a912532fd19d098d66f778a.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донишҷӯ кишварҳо узв сҳш тоҷикистон таҳсил
донишҷӯ кишварҳо узв сҳш тоҷикистон таҳсил
Маълум шуд, ки чӣ қадар донишҷӯ аз кишварҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамтоёнаш аз СҲШ таҳияи лоиҳаҳои таълимии муштарак, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгоронро пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир 36 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои СҲШ ба таҳсил мекунанд.
Дар баробари ин 7 ҳазор донишҷӯи кишварҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон ба таҳсил машғуланд, гуфт вазири маорифи кишвар.
Раҳим Саидзода зимни суханрониӣ дар конфронси солонаи Донишгоҳҳои СҲШ дар Чин гуфт, ки ҳоло барои густариши ҳамкориҳо ва амалӣ гардидани тарҳҳои муштарак дар дохил ва хориҷи кишварҳои узв шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки баргузории форумҳои ректорон, барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии муштарак ва дигар иқдомҳои фарҳангиву таълимӣ дар доираи СҲШ имрӯз ба анъанаи неки ҳамкорӣ табдил ёфта, кафолати мустаҳками дӯстӣ ва шарикии кишварҳои узви ин созмон мебошад.
“Ташкили фазои ягонаи таълимӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, таъсиси факултетҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳое, ки манфиати умумӣ доранд, бозгӯи талоши дастаҷамъона барои фатҳи марҳилаҳои нав дар доираи фаъолияти СҲШ мебошад”,- афзуд вазир.
Ӯ инчунин ба зарурати ҳамоҳангсозии низоми таҳсилотӣ, густариши лоиҳаҳои муштарак, таҳияи барномаҳои ҳамтаълимӣ, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, таълими пайвастаи калонсолон ва ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ дар самти технологияҳои нав ишора намуд.
Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати маориф, дар чорабинии сатҳи баланд ҳамчунин роҳбарони вазоратҳои маорифи Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Чин ҳузур доштанд.
Дар ин дидор намояндагони сатҳи баланди баъши маориф имкони муҳимми муаррифии роҳҳои наву инноватсионии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаро баррасӣ кардаанд.