https://sputnik.tj/20250329/shahr-tojikiston-chin-khatsayr-nav-mustaqim-boz-meshavad-1066757091.html
Миёни ду шаҳри Тоҷикистону Чин хатсайри нави мустақим боз мешавад
Миёни ду шаҳри Тоҷикистону Чин хатсайри нави мустақим боз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Парвоҳоиро ширкати чинӣ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом хоҳад дод. Давомнокии парвоз ҳамагӣ 2 соату 40 даиқаро ташкил медиҳад 29.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-29T14:19+0500
2025-03-29T14:19+0500
2025-03-29T14:19+0500
дар тоҷикистон
чин
нақлиёт
хуҷанд
хатсайр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1c/1066763754_0:0:3076:1730_1920x0_80_0_0_3688d2dacf3583fb8c81ca0489fc283e.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Тоҷикистону Чинро хатсайри нави ҳавоӣ пайваст мекунад, хабар медиҳад Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ширкати ҳавопаймоии "Chengdu Airlines" дар масири Қошғар - Хуҷанд - Қошғар хатсайри нав боз мекунад.Манбаъ афзуд, нахустин парвоз дар ин самт аз 15 апрел шурӯъ мешавад ва ширкат қасд дорад минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе парвоз дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғарро анҷом диҳад. Давомнокии парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.Зикр гардид, ки хатсайри нав дар доираи ҳамкории мутақобили судманди мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ мегардад. Ҳамзамон ин тадбир бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, рафту омади осони шаҳрвандони ҳарду давлати ҳамҷавор, рушди тиҷорат ва соҳаи сайёҳӣ андешида шудааст.Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи март директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин мулоқот ва масъалаи зиёд намудани хатсайрҳои мустақи миёни ду кишвар аз ҷумла мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 робитаи ҳавоии миёни Тоҷикистону Чин канда шуд. Ин кор ба далели авҷ гирифтани коронавирус сурат гирифт ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID-19 марзашро ба рӯйи Чин баст.Аммо сар аз моҳи июни соли 2022 парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Чин дубора аз сар гирифта шуд.Дар ҳоли ҳозир парвозҳо дар самти Душанбе - Урумчӣ - Душанбе ба роҳ монда шудаанд.
https://sputnik.tj/20250312/chin-parvozho-mustaqim-tojikiston-furudgohho-1066529393.html
чин
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1c/1066763754_182:0:2911:2047_1920x0_80_0_0_e96b91936f57f03113fc8549feed796e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, чин, нақлиёт, хуҷанд, хатсайр
дар тоҷикистон, чин, нақлиёт, хуҷанд, хатсайр
Миёни ду шаҳри Тоҷикистону Чин хатсайри нави мустақим боз мешавад
Парвоҳоиро ширкати чинӣ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом хоҳад дод. Давомнокии парвоз ҳамагӣ 2 соату 40 даиқаро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Тоҷикистону Чинро хатсайри нави ҳавоӣ пайваст мекунад, хабар медиҳад Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ширкати ҳавопаймоии "Chengdu Airlines" дар масири Қошғар - Хуҷанд - Қошғар хатсайри нав боз мекунад.
Манбаъ афзуд, нахустин парвоз дар ин самт аз 15 апрел шурӯъ мешавад ва ширкат қасд дорад минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе парвоз дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғарро анҷом диҳад. Давомнокии парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки хатсайри нав дар доираи ҳамкории мутақобили судманди мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ мегардад.
Ҳамзамон ин тадбир бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, рафту омади осони шаҳрвандони ҳарду давлати ҳамҷавор, рушди тиҷорат ва соҳаи сайёҳӣ андешида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи март директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин мулоқот ва масъалаи зиёд намудани хатсайрҳои мустақи миёни ду кишвар аз ҷумла мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 робитаи ҳавоии миёни Тоҷикистону Чин канда шуд. Ин кор ба далели авҷ гирифтани коронавирус сурат гирифт ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID-19 марзашро ба рӯйи Чин баст.
Аммо сар аз моҳи июни соли 2022 парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Чин дубора аз сар гирифта шуд.
Дар ҳоли ҳозир парвозҳо дар самти Душанбе - Урумчӣ - Душанбе ба роҳ монда шудаанд.