https://sputnik.tj/20250514/malum-shud-hayati-tolibon-forumi-qazon-rohbari-mekunad-1067337793.html
Маълум шуд, ки ҳайати Толибонро дар форуми Қазон кӣ роҳбарӣ мекунад
Маълум шуд, ки ҳайати Толибонро дар форуми Қазон кӣ роҳбарӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба 16-умин нишасти умумии иҷлоси байналмилалии иқтисодии Русия ва ҷаҳони ислом муовини иқтисодии раиси ҳукумати Толибон* ба шаҳри Қазон сафар хоҳад кард
2025-05-14T14:16+0500
2025-05-14T14:16+0500
2025-05-16T17:57+0500
толибон
афғонистон
русия
қазон
форум
иштирок
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042298687_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_828d407ea7339ff66f2f79c1944e6d48.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Муло Бародар, муовини иқтисодии раиси ҳукумати Толибон* барои ширкат дар иштирок дар Форуми Қазон ба Русия сафар хоҳад кард, иттилоъ додааст “TOLOnews”.Муовини иқтисодии раиси ҳукумати Толибон* 15 майи соли равон дар садри ҳайате ба Ҷумҳурии Тотористон Русия сафар хоҳад кард то дар 16-мин нишаст иқтисодии Қазон ширкат кунад.Ёдовар мешавем, ки 16-умин нишасти умумии иҷлоси байналмилалии иқтисодии Русия ва ҷаҳони ислом, мавсӯм ба Форуми Қазон аз 14 май дар шаҳри Қазони Рқсия баргузор мешавад.Ҳадаф аз баргузории ин нишаст, тақвияти равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни Русия ва кишварҳои узви созмони ҳамкории исломӣ аст.Ҳайати эъзомии Толибон* ба Қазон пеш аз ин сафар дар нишасте ба раёсати Абдулғанӣ Бародар иттилооти мавриди ниёз барои ширкат дар иҷлоси Қазонро баррасӣ карданд.Русия аз Толибон* ба таври расмӣ даъват кардааст, ки дар ин иҷлос ширкат кунад.Замир Кобулов, намояндаи вижаи Маскав дар умури Афғонистон, пештар гуфта буд, ки ҳайати русӣ ба раёсати Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия дар ҳошияи форуми Қазон бо ҳайати ҳукумати Толибон* дидор хоҳад кард.*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250419/mujohid-putin-siyosati-durust-qiboli-tolibon-1067046709.html
толибон
афғонистон
русия
қазон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042298687_244:0:2975:2048_1920x0_80_0_0_cd9ecf63cfbb3d3e66d3ff09f5185236.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, русия, иштирок, форум, қазон, тотористон
афғонистон, толибон, русия, иштирок, форум, қазон, тотористон
Маълум шуд, ки ҳайати Толибонро дар форуми Қазон кӣ роҳбарӣ мекунад
14:16 14.05.2025 (Навсозишуда: 17:57 16.05.2025) Ба 16-умин нишасти умумии иҷлоси байналмилалии иқтисодии Русия ва ҷаҳони ислом муовини иқтисодии раиси ҳукумати Толибон* ба шаҳри Қазон сафар хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Муло Бародар, муовини иқтисодии раиси ҳукумати Толибон* барои ширкат дар иштирок дар Форуми Қазон ба Русия сафар хоҳад кард, иттилоъ додааст “TOLOnews”.
Муовини иқтисодии раиси ҳукумати Толибон* 15 майи соли равон дар садри ҳайате ба Ҷумҳурии Тотористон Русия сафар хоҳад кард то дар 16-мин нишаст иқтисодии Қазон ширкат кунад.
Ёдовар мешавем, ки 16-умин нишасти умумии иҷлоси байналмилалии иқтисодии Русия ва ҷаҳони ислом, мавсӯм ба Форуми Қазон аз 14 май дар шаҳри Қазони Рқсия баргузор мешавад.
Ҳадаф аз баргузории ин нишаст, тақвияти равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни Русия ва кишварҳои узви созмони ҳамкории исломӣ аст.
Ҳайати эъзомии Толибон* ба Қазон пеш аз ин сафар дар нишасте ба раёсати Абдулғанӣ Бародар иттилооти мавриди ниёз барои ширкат дар иҷлоси Қазонро баррасӣ карданд.
Русия аз Толибон* ба таври расмӣ даъват кардааст, ки дар ин иҷлос ширкат кунад.
Замир Кобулов, намояндаи вижаи Маскав дар умури Афғонистон, пештар гуфта буд, ки ҳайати русӣ ба раёсати Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия дар ҳошияи форуми Қазон бо ҳайати ҳукумати Толибон* дидор хоҳад кард.
*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.