Муҷоҳид: Путин сиёсати дурустро дар қиболи Толибон* пайгирӣ мекунад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗабиулла Муджахид, Представитель движения "Талибан"
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2025
Обуна шудан
Сухангӯии аршади ҳукумати Толибон* гуфт Владимир Путин раисҷумҳури Русия сиёсати дурустеро дар қиболи ин гуруҳ дунбол мекунад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯии аршади ҳукумати Толибон* афзуд, ки ҳазфи мамнуъияти фаъолиятҳои Толибон* дар Русия гоми муҳим аст ва Афғонистону Русия дар оянда қатъан равобити хуберо дар арсаи иқтисодӣ ва дипломатик барқарор хоҳанд кард, иттилоъ додааст “Радио Дарӣ”.
Владимир Путин фармони ислоҳи бархе аз қавонини Русияро имзо кард, ки ба муҷиби он, шароит барои ҳазфи муваққати бархе гуруҳҳои мамнуъа аз феҳристи созмонҳои террористӣ дар ин кишвар фароҳам шуд.
Додгоҳи олии Русия ахиран бо дархости додситонии кулли ин кишвар барои ҳазфи муваққати номи Толибон* аз феҳристи созмонҳои террористии Русия мувофиқат кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Амирхон Муттақӣ сарпарасти вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибон* дар вокуниш ба ҳукми додгоҳи олии Русия дар бораи ҳазфи номи Толибон* аз феҳристи гурӯҳҳои террористии Русия афзуд, ин иқдом дар пешбуради равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни Кобулу Маскав, муҳиму қобили мулоҳиза аст.
Центр Кабула, Афганистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2025
Вазири иқтисоди Толибон*: Кишварҳои ҳамсоя хоҳони пешрафти Афғонистон нестанд
Вай таъкид кард, ки акнун дар равобити Русия ваАфғонистон монеъевуҷуд надорад.
ВУХ ҳукумати Толибон* эълон кард, ки ахиран Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул, тасмими ахири додгоҳи олии Русияро расман ба Амирхон Муттақӣ иблоғ кард, ки барасоси он, ном "ҷунбиши толибон" аз феҳристи гурӯҳҳои мамнӯъаи ин кишвари ҳазф шудааст.
Жирнов ин тасмимро як гоми торихӣ ва мондагор барои густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни Русия ва Афғонистон эълом кардааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0