ИИАО барои бисёр кишварҳо шарики боэътимод шуда истодааст - коршинос

© Sputnik / Табылды КадырбековФлаги Киргизии, Армении, Белоруссии, Казахстана и России - стран-участниц Евразийского экономического союза.
Флаги Киргизии, Армении, Белоруссии, Казахстана и России - стран-участниц Евразийского экономического союза. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2025
Обуна шудан
Бартарии аслии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сиёсати дақиқи тарифии он аст, мегӯяд оҳбари бахши Осиёи Марказии ПМТИҶ Академияи улуми Русия
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Кишварҳои ИИАО барои бисёр давлатҳо ба шарикони боэътимод ва пешгӯишаванда табдил меёбанд.
Дар ин бора Станислав Притчин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ Пажуҳишгоҳи миллии тадқиқотии иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмиллалии АИ Русия ба номи Примаков ва шарики иҷроияи Маркази коршиносии Авруосиё – ECED зимни нишасти видеоӣ дар маркази матбуоти Sputnik Қирғизистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, бартарии аслии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сиёсати дақиқи тарифии он аст.
"Истеҳсолкунандагон метавонанд бо итминон як қисми молҳои худро ба бозорҳои кишварҳои ИИАО ва инчунин сармоягузориҳои мустақим равона кунанд", - қайд кард Притчин.
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин шароит мо метавонем нооромиҳои кунуниро бештар ҳамчун равзанаи имкониятҳо баррасӣ кунем, на ҳамчун чолиш ба суботи иқтисодии худ. Зеро мо шарикони боэътимод ва қоидаҳои бозӣ дорем, ки мо онҳоро риоя хоҳем кард.
Қаблан Вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ар умури ҳамкориҳои гумрукӣ гуфт, ки созмон ҳафтяки масоҳати заминро ишғол мекунад ва пул байни Чин ва Аврупо аст.
Ба гуфтаи Руслан Давидов, аз бартариҳои ҷуғрофии иттиҳод, аз ҷумла дар бахши транзитӣ пурра истифода бурдан лозим аст.
"Тибқи Шартнома дар бораи ИИАО, мо танзими ягонаи гумрукӣ, қаламрави ягонаи гумрукӣ, низоми ягонаи тиҷоратӣ бо кишварҳои сеюм дорем ва мо бояд барои муттаҳидшавӣ талош кунем. Ин ҳам масъалаи рақобатпазирии байналмилалии иттиҳодияи мо ҳамчун қаламрави ягонаи гумрукӣ, иқтидори транзитӣ аст", - таъкид кард Давидов.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2025
Эрон: Иҷрои созишнома бо ИИАО ҳамкориҳои тиҷориро афзоиш хоҳанд дод
Вай афзуд, ки равандҳои ҳамгироӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳамкории зич байни кишварҳои ширкаткунанда дар соҳаи танзими гумрукӣ муваффақ буда метавонанд.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0