Табибони тоҷик бори аввал ҷароҳати талхадонро бидуни бурриш аз даҳон гузарониданд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкОперация по эндопротезированию грудного отдела аорты
Операция по эндопротезированию грудного отдела аорты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2025
Обуна шудан
Ба гуфти табибон, бо ин усули амалиёт беморон метавонанд баъд аз 24 соати гузаронидани ҷарроҳӣ ба хонаашон рухсат дода шаванд ва ҳамзамон зудтар шифо ёбанд.
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ барои аввалин бор амалиёти ҷарроҳӣ дар талхадон ва роҳҳои талхагузарро бо усули эндоскопӣ ва бе буриш аз даҳон гузаронида шуд.
Онро Табибони Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо" бо истифода аз дастгоҳи муосири тиббӣ Eye Max гузаронидаанд
Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, дастгоҳи мазкур истеҳсоли кишвари Чин буда, бо истифода аз он ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ ба гирифторони бемории санги талхадон, палипи талхадон, саратони роҳҳои талхагузар, саратони сараки ғадуди зери меъда гузаронида мешавад.
Табиб Сорбон Мусоев, ки ҷарроҳиро гузаронидааст, мегӯяд, қаблан чунин ҷарроҳиҳо бо усули кушода, яъне ба тариқи буриши зиёди ҷисми бемор анҷом дода мешуданд.
Ба иттилои номбурда, амалиёти нави ҷарроҳӣ зери назорати эндоскопия ва эндоскопи бориктарин, яъне Ай Макс, ки диаметраш 3 мм ва канали кориаш 1.2 мм мебошад, бомуваффақият гузаронида шуд.
Операция по лечению аритмии с использованием метода криоаблации. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2025
Дар Тоҷикистон аввалин бор ҷарроҳии нодир дар шараёнҳои майнаи сар гузаронида шуд
Таъкид шудааст, ки бо ин усули амалиёт чунин беморон метавонанд баъд аз 24 соати гузаронидани ҷарроҳӣ ба хонаашон рухсат дода шаванд ва ҳамзамон зудтар шифо ёбанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран табибони тоҷик бори нахуст амалиёти ҷарроҳии нодири маҳкамшавии тромбоз ва акрузияро дар шараёнҳои майнаи сар бомуваффақият гузаронида буданд.
Ба таъкиди табибон, ташхис ва амалиёти ҷарроҳиҳо дар шараёнҳои майнаи сар то кунун дар кишвар бинобар сабаби кам будани малакаҳои амалӣ ва набудани таҷҳизоти ҳозиразамон гузаронида намешуданд ва хушбахтона ин ҳоло имконпазир аст.
Қаблан вазири тандурустӣ низ гуфта буд, ки дар соли 2024 ҳудуди 298 ҷарроҳии мураккаб гузаронидаанд, ки 30%-и маризон шаҳрвандони хориҷӣ, умдатан аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва ҳатто Амрико буданд.
Лентаи хабарҳо
0