Дар Тоҷикистон аввалин бор ҷарроҳии нодир дар шараёнҳои майнаи сар гузаронида шуд

© Sputnik / Антон Вергун / Гузариш ба медиабонкОперация по лечению аритмии с использованием метода криоаблации. Иллюстративное фото
Операция по лечению аритмии с использованием метода криоаблации. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи мутахассис чунин амалиётҳо қаблан дар кишвар бинобар сабаби кам будани малакаҳои амалӣ ва набудани таҷҳизоти ҳозиразамон гузаронида намешуданд
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Табибони тоҷик бори нахуст амалиёти ҷарроҳии нодири маҳкамшавии тромбоз ва акрузияро дар шараёнҳои майнаи сар бомуваффақият гузаронидаанд.
Ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ҷарроҳӣ дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” дар бемор Нуралиев Мирвалии 56 сола, сокини ноҳияи Рашт, ки бо нишонаҳои маҳкамшавии шараёни хоб дар ҳолати сактаи майнаи сар, нимфалаҷи тарафи рости бадан, вайроншавии нутқ, тағйири ақл ва рафтор қарор дошт, гузаронида шуд.
Тавре Назрулло Раҳимов, табиби ҷарроҳ, ки амалиётро бо ҳамкоронаш гузаронид, иттилоъ дод, ки зимни амалиёти ҷарроҳӣ ба бемор анастомози шараёни болои чакка бо шараёнҳои дохили майнаи сар гузошта шуд, ки бо ёрии ҷарроҳии мазкур маҳкамшавии шараёни хоб пурра бартараф карда шуд.
"Хушбахтона, баъд аз ҷарроҳӣ бемор дар ҳолати хуб қарор дошта, ҳаракат дар дасту пой, инкишофи нутқ ва беҳтар гардидани хотираи ӯ дида мешавад",- афзудааст табиб.
Раҳимов мегӯяд, бемории сактаи мағзи сар ё инсулт ин бемории шадиди вайроншавии гардиши хуни майнаи сар мебошад, ки дар натиҷаи норасогии хунгардии майнаи сар ба таври шадид ба вуҷуд меояд.
Ба таъкиди номбурда, ташхис ва амалиёти ҷарроҳиҳо дар шараёнҳои майнаи сар то кунун дар кишвар бинобар сабаби кам будани малакаҳои амалӣ ва набудани таҷҳизоти ҳозиразамон гузаронида намешуданд.
Врачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2023
Дар Тоҷикистон бори аввал амалиёти мураккаби трахея анҷом дода шуд
Чунин беморон ба гуфатаи ӯ, ҳаёти худро пас аз сактаи мағзи сар бо ҳолатҳои нимфалаҷи бадан, вайроншавии нутқ, тағйири ақл ва рафтор сипарӣ карда, аксаран баъд аз чанд соли гирифторӣ ба ин беморӣ аз олам дармегузаштанд.
Гуфта мешавад, ки баъди бо муваффақият гузаронидани чунин амалиёти ҷарроҳӣ акнун минбаъд табобати чунин беморон дар мамлакат имконпазир гашт ва онҳо метавонанд ҳолати худро беҳтар карда, ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.
Ба гузориши вазорат, барои омухтан ва гузаронидани чунин амалиёти нодири ҷарроҳӣ табибони ҷорроҳи кишвар дар давлатҳои пешрафтаи аз курсҳои омӯзишӣ гузашта, нозукиҳои табобати ингуна бемориҳоро аз худ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0