https://sputnik.tj/20250512/tojikiston-idm-sathi-pasttarini-tavarrum-dorad-1067325310.html
Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ сатҳи пасттарини таваррум дорад
Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ сатҳи пасттарини таваррум дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Кумитаи омори ИДМ миёни кишварҳои узви ин Иттиҳодия дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон пасттарин сатҳи таваррум ба қайд гирифта шудааст
2025-05-12T15:29+0500
2025-05-12T15:29+0500
2025-05-12T15:29+0500
дар тоҷикистон
омор
таваррум
иқтисод
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056697930_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_0d3692b6ac5e371f3c3a9ccd71f17eb7.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ, ки сатҳи пасти таваррум доранд, пешсаф шуд.Тибқи иттилои Кумитаи омори ИДМ, дар охири дар ду моҳи соли равон ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ ҳудуди 0,7 фоизро ташкил додааст.Ба иттилои ин манбаъ дар ин давра дар қиёс ба дигар кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон сатҳи пасттарини таваррум ба қайд гирифта шудааст.Дар ҷойи Қирғизистон қарор дорад, ки дар байни кишварҳои ИДМ яке аз поинтарин шохиси нархҳои истеъмолиро нишон додааст.Индекси нархҳои истеъмолӣ дар Қирғизистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,6% фоизро ташкил дод.Индекси миёнаи нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои ИДМ 101,9%-ро ташкил додааст.Афзоиши баландтарини нархҳои истеъмолӣ дар Молдова (103,1%) ва Қазоқистон (102,6%) ба қайд гирифта шудааст.Индекси нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои дигари минтақа чунин ташаккул ёфтааст: Беларус –2%, Русия –2,1%, Узбекистон – 1,3%, Озарбойҷон – 1,7%, Арманистон – 1,5%.Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони БАОР гуфта буданд, ки ба далели устувории пули миллӣ ва вуқуъи фишори таваррум аз воридот то поёни сол рушди таваррум дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт."Мо интизорем, ки талаботи баланди дохилӣ то охири соли 2025 боиси афзоиши таваррум мешавад, аммо арзиши он дар доираи ҳадафи муқарраркардаи Бонки миллӣ - 5% плюс ё минус 2% боқӣ мемонад", - пешгӯӣ мекунад БАОР.Гуфта мешавад, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2024 то 3,6% коҳиш хоҳад ёфт, ки аз 3,8% дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.Иқтисоддонҳои БАОР афзоиши ММД-и Тоҷикистонро 8,4% пешгӯи доранд.Илова бар ин, таҳлилгарони ин бонк то охири соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистонро 5,9 % пешбинӣ карда буданд.
https://sputnik.tj/20250430/tojikiston-kishvarhoi-idm-kamtarin-tavarrum-qayd-1067178424.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056697930_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_59138423b12406c901ac97b094a8a2c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, идм, сатҳи таваррум, иқтисод, омор
тоҷикистон, идм, сатҳи таваррум, иқтисод, омор
Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ сатҳи пасттарини таваррум дорад
Ба иттилои Кумитаи омори ИДМ миёни кишварҳои узви ин Иттиҳодия дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон пасттарин сатҳи таваррум ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ, ки сатҳи пасти таваррум доранд, пешсаф шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи омори ИДМ, дар охири дар ду моҳи соли равон ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ ҳудуди 0,7 фоизро ташкил додааст.
Ба иттилои ин манбаъ дар ин давра дар қиёс ба дигар кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон сатҳи пасттарини таваррум ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷойи Қирғизистон қарор дорад, ки дар байни кишварҳои ИДМ яке аз поинтарин шохиси нархҳои истеъмолиро нишон додааст.
Индекси нархҳои истеъмолӣ дар Қирғизистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,6% фоизро ташкил дод.
Индекси миёнаи нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои ИДМ 101,9%-ро ташкил додааст.
Афзоиши баландтарини нархҳои истеъмолӣ дар Молдова (103,1%) ва Қазоқистон (102,6%) ба қайд гирифта шудааст.
Индекси нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои дигари минтақа чунин ташаккул ёфтааст: Беларус –2%, Русия –2,1%, Узбекистон – 1,3%, Озарбойҷон – 1,7%, Арманистон – 1,5%.
Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони БАОР гуфта буданд, ки ба далели устувории пули миллӣ ва вуқуъи фишори таваррум аз воридот то поёни сол рушди таваррум дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт.
"Мо интизорем, ки талаботи баланди дохилӣ то охири соли 2025 боиси афзоиши таваррум мешавад, аммо арзиши он дар доираи ҳадафи муқарраркардаи Бонки миллӣ - 5% плюс ё минус 2% боқӣ мемонад", - пешгӯӣ мекунад БАОР.
Гуфта мешавад, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2024 то 3,6% коҳиш хоҳад ёфт, ки аз 3,8% дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.
Иқтисоддонҳои БАОР афзоиши ММД-и Тоҷикистонро 8,4% пешгӯи доранд.
Илова бар ин, таҳлилгарони ин бонк то охири соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистонро 5,9 % пешбинӣ карда буданд.