https://sputnik.tj/20250425/novak-rusiya-tavseai-ravobit-iiao-eron-1067121361.html
Новак: Русия омода аст, ба тавсеаи равобит байни ИИАО ва Эрон мусоидат кунад
Новак: Русия омода аст, ба тавсеаи равобит байни ИИАО ва Эрон мусоидат кунад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини нахуствазири Русия Александр Новак таъкид кард, ки Русия омода аст ба Эрон ва ИИАО дар тавсеаи равобити дар бахшҳои тиҷорат ва иқтисод кумак кунад
2025-04-25T19:59+0500
2025-04-25T19:59+0500
2025-04-25T19:59+0500
александр новак
русия
ииао
дар русия
авруосиё
энержӣ
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047688704_0:90:2887:1714_1920x0_80_0_0_142ed8a4db95489a7696ceab0d668407.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар гуфтугӯ бо Муҳсин Пакнажод, вазири нафти Эрон таъкид кард, ки кишвараш омодааст ба Эрон барои тақвияти ҳамкориҳояш бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мусоидат кунад.Илова бар ин, дар ин дидор ҷонибҳо нияти идомаи ҳамкорӣ дар бунёди хатсайрҳои нави гази заминӣ аз Русия ба Эронро тасдиқ карданд."Эрон ягона шарики Русия дар хориҷ аз кишварҳои ИДМ аст, ки якбора дар се созмони байналмилалӣ мақоми баланд дорад. Ин кишвар узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), БРИКС ва ҳамчунин дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мақоми нозир дорад", - гуфт Новак.Муовини нахуствазир ёдовар шуд, ки моҳи январ дар равобити Русия ва Эрон як рӯйдоди муҳиме рух дод: президентҳо Созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро имзо карданд.Вай кайд кард, ки ин санад нуқтахои асосиеро дар бар мегирад, ки самти ҳамкории минбаъдаи давлатҳоро дар бахши энержӣ муайян мекунанд.Илова бар ин, Новак ва Пакнажод ба ҳамкориҳои муваффақ дар доираи ОПЕК+ ва Форуми кишварҳои содиркунандаи газ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.Вазири эронӣ изҳори итминон кард, ки Русия ҳамчунон нақши муҳими суботгарӣ дар дастёбӣ ба тавозун дар бозорҳои ҷаҳонии энержӣ хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20250414/kishvarhoi-uzvi-iiao-va-eron-rushdi-doloni-naqliyotii-shimol-janub-ro-barrasi-dorand-1066975121.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047688704_156:0:2887:2048_1920x0_80_0_0_b490b6e4fba1927bcf070a3bd1609a4c.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, авруосиё, новак, равобит, ҳамкорӣ, сиёсат, иқтисод
русия, ииао, авруосиё, новак, равобит, ҳамкорӣ, сиёсат, иқтисод
Новак: Русия омода аст, ба тавсеаи равобит байни ИИАО ва Эрон мусоидат кунад
Муовини нахуствазири Русия Александр Новак таъкид кард, ки Русия омода аст ба Эрон ва ИИАО дар тавсеаи равобити дар бахшҳои тиҷорат ва иқтисод кумак кунад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар гуфтугӯ бо Муҳсин Пакнажод, вазири нафти Эрон таъкид кард, ки кишвараш омодааст ба Эрон барои тақвияти ҳамкориҳояш бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мусоидат кунад.
Илова бар ин, дар ин дидор ҷонибҳо нияти идомаи ҳамкорӣ дар бунёди хатсайрҳои нави гази заминӣ аз Русия ба Эронро тасдиқ карданд.
"Эрон ягона шарики Русия дар хориҷ аз кишварҳои ИДМ аст, ки якбора дар се созмони байналмилалӣ мақоми баланд дорад. Ин кишвар узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), БРИКС ва ҳамчунин дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мақоми нозир дорад", - гуфт Новак.
Муовини нахуствазир ёдовар шуд, ки моҳи январ дар равобити Русия ва Эрон як рӯйдоди муҳиме рух дод: президентҳо Созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро имзо карданд.
Вай кайд кард, ки ин санад нуқтахои асосиеро дар бар мегирад, ки самти ҳамкории минбаъдаи давлатҳоро дар бахши энержӣ муайян мекунанд.
Илова бар ин, Новак ва Пакнажод ба ҳамкориҳои муваффақ дар доираи ОПЕК+ ва Форуми кишварҳои содиркунандаи газ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Вазири эронӣ изҳори итминон кард, ки Русия ҳамчунон нақши муҳими суботгарӣ дар дастёбӣ ба тавозун дар бозорҳои ҷаҳонии энержӣ хоҳад дошт.