https://sputnik.tj/20250511/vaziri-avruosiyo-iiao-pul-miyoni-chin-avrupo-1067318525.html
Вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё: ИИАО пул миёни Чин ва Аврупо аст
Вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё: ИИАО пул миёни Чин ва Аврупо аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, ки аз имкониятҳои транзити Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд пурра истифода бурд
2025-05-11T18:59+0500
2025-05-11T18:59+0500
2025-05-11T18:59+0500
ииао
иқтисод
тиҷорат
аврупо
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/01/1064153321_0:61:1400:849_1920x0_80_0_0_da11223376fad1e27ddc3b79f676960e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. ИИАО ҳафтяки масоҳати заминро ишғол мекунад ва пул байни Чин ва Аврупо аст, гуфт Руслан Давидов, вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар умури ҳамкориҳои гумрукӣ.Вай қайд кард, ки аз бартариҳои ҷуғрофии иттиҳод, аз ҷумла дар бахши транзитӣ пурра истифода бурдан лозим аст."Тибқи Шартнома дар бораи ИИАО, мо танзими ягонаи гумрукӣ, қаламрави ягонаи гумрукӣ, низоми ягонаи тиҷоратӣ бо кишварҳои сеюм дорем ва мо бояд барои муттаҳидшавӣ талош кунем. Ин ҳам масъалаи рақобатпазирии байналмилалии иттиҳодияи мо ҳамчун қаламрави ягонаи гумрукӣ, иқтидори транзитӣ аст", - таъкид кард Давидов.Вай афзуд, ки равандҳои ҳамгироӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳамкории зич байни кишварҳои ширкаткунанда дар соҳаи танзими гумрукӣ муваффақ буда метавонанд.“Яке аз вазифаҳои асосии гумрук ин содда ва суръат бахшидан ба расмиёти савдо мебошад, ки дар ниҳоят ба кам шудани хароҷот, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва фароҳам овардани фазои мусоиди тиҷорат мерасонад”, - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20250510/kishvarho-iiao-munosibat-80-solagii-ghalaba-tangaho-khotiravi-barovardand-1067315896.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/01/1064153321_94:0:1306:909_1920x0_80_0_0_59359f10a572201142583aa44a87d367.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, иқтисод, тиҷорат, пул, аврупо
ииао, авруосиё, иқтисод, тиҷорат, пул, аврупо
Вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё: ИИАО пул миёни Чин ва Аврупо аст
Вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, ки аз имкониятҳои транзити Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд пурра истифода бурд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. ИИАО ҳафтяки масоҳати заминро ишғол мекунад ва пул байни Чин ва Аврупо аст, гуфт Руслан Давидов, вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар умури ҳамкориҳои гумрукӣ.
Вай қайд кард, ки аз бартариҳои ҷуғрофии иттиҳод, аз ҷумла дар бахши транзитӣ пурра истифода бурдан лозим аст.
"Тибқи Шартнома дар бораи ИИАО, мо танзими ягонаи гумрукӣ, қаламрави ягонаи гумрукӣ, низоми ягонаи тиҷоратӣ бо кишварҳои сеюм дорем ва мо бояд барои муттаҳидшавӣ талош кунем. Ин ҳам масъалаи рақобатпазирии байналмилалии иттиҳодияи мо ҳамчун қаламрави ягонаи гумрукӣ, иқтидори транзитӣ аст", - таъкид кард Давидов.
Вай афзуд, ки равандҳои ҳамгироӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳамкории зич байни кишварҳои ширкаткунанда дар соҳаи танзими гумрукӣ муваффақ буда метавонанд.
“Яке аз вазифаҳои асосии гумрук ин содда ва суръат бахшидан ба расмиёти савдо мебошад, ки дар ниҳоят ба кам шудани хароҷот, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва фароҳам овардани фазои мусоиди тиҷорат мерасонад”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.