https://sputnik.tj/20250510/kishvarho-iiao-munosibat-80-solagii-ghalaba-tangaho-khotiravi-barovardand-1067315896.html
Кишварҳои ИИАО ба муносибати 80-солагии Ғалаба тангаҳои хотиравӣ бароварданд
Кишварҳои ИИАО ба муносибати 80-солагии Ғалаба тангаҳои хотиравӣ бароварданд
Sputnik Тоҷикистон
Тангаҳои хотиравӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба аз ҷониби бонкҳои миллии Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба муомилот бароварда шуданд 10.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-10T16:55+0500
2025-05-10T16:55+0500
2025-05-19T14:18+0500
ииао
иқтисод
танга
80-солагии ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/0a/1067315133_0:37:1080:645_1920x0_80_0_0_36a88191684cacbe55cdcb359bd01b96.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барориши тангаҳои хотиравӣ ва коллексивиро ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муқаррар кардаанд. Ба муносибати солгарди Ғалабаи бузург тангаҳо аз ҷониби бонкҳои миллии Русия, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба муомилот бароварда шуданд.Бонки Русия сиккаҳои нуқрагиро бо қимати 3 ва 100 рублӣ, инчунин тангаҳои тиллои 50 рубл ва 10 ҳазор рубл пешниҳод кард.Тангаи 3-рубӣ, ки логотипи 80-умин солгарди Ғалабаро дар пасманзари оташбозӣ (салют) тасвир кардааст, ҷолиби диққат аст. Тиражи ин танга 3 ҳазор нусха хоҳад шуд. Тангаи 100 рублӣ лаҳзаеро тасвир мекунад, ки сарбозони шӯравӣ дар пасманзари панорамаи Берлини харобшуда парчамро болои Рейхстаг бардоштанд. Тиражи ин танга танҳо бо 150 нусха маҳдуд мешавад. Танга бо арзиши номиналии 10 ҳазор сум ороиши беназири коллексия мегардад. Дар тарафи пеши он тасвири аскарони советӣ дар Майдони Сурх гузошта мешавад.Бонки миллии Беларус сиккаи нуқраи арзишаш 20 рубл ва сиккаи мису никелро ба маблағи 1 рубл ба муомилот баровардааст. Дар онҳо зангӯлаҳо, намунаҳои техникаи ҳарбӣ ва аслиҳа дар пасманзари харобшавӣ, инчунин қаламчаҳои сурх – рамзи хотира ва ғам тасвир шудаанд. Дар тангаи хотиравии Бонки миллии Қазоқистон бо арзиши номиналии 1000 танга Оташи абадӣ ва навиштаҷоти "Ғалабаи бузург" тасвир шудааст. Дар тангаи 10-сомонии Бонки миллии Қирғизистон пиротехникии идона, гулҳо ва навиштаҷоти "1945 - 2025" дар иҳотаи турнаҳо тасвир шудааст.
https://sputnik.tj/20250509/hududi-iiao-karzdihi-kharidi-manzil-afzoish-yoft-1067307605.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/0a/1067315133_52:0:961:682_1920x0_80_0_0_18e419e811beea4d08394f2151755185.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, иқтисод, танга, 80-солагии ғалаба
ииао, иқтисод, танга, 80-солагии ғалаба
Кишварҳои ИИАО ба муносибати 80-солагии Ғалаба тангаҳои хотиравӣ бароварданд
16:55 10.05.2025 (Навсозишуда: 14:18 19.05.2025) Тангаҳои хотиравӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба аз ҷониби бонкҳои миллии Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба муомилот бароварда шуданд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барориши тангаҳои хотиравӣ ва коллексивиро ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муқаррар кардаанд.
Ба муносибати солгарди Ғалабаи бузург тангаҳо аз ҷониби бонкҳои миллии Русия, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба муомилот бароварда шуданд.
Бонки Русия сиккаҳои нуқрагиро бо қимати 3 ва 100 рублӣ, инчунин тангаҳои тиллои 50 рубл ва 10 ҳазор рубл пешниҳод кард.
Тангаи 3-рубӣ, ки логотипи 80-умин солгарди Ғалабаро дар пасманзари оташбозӣ (салют) тасвир кардааст, ҷолиби диққат аст. Тиражи ин танга 3 ҳазор нусха хоҳад шуд.
Тангаи 100 рублӣ лаҳзаеро тасвир мекунад, ки сарбозони шӯравӣ дар пасманзари панорамаи Берлини харобшуда парчамро болои Рейхстаг бардоштанд. Тиражи ин танга танҳо бо 150 нусха маҳдуд мешавад.
Танга бо арзиши номиналии 10 ҳазор сум ороиши беназири коллексия мегардад. Дар тарафи пеши он тасвири аскарони советӣ дар Майдони Сурх гузошта мешавад.
Бонки миллии Беларус сиккаи нуқраи арзишаш 20 рубл ва сиккаи мису никелро ба маблағи 1 рубл ба муомилот баровардааст. Дар онҳо зангӯлаҳо, намунаҳои техникаи ҳарбӣ ва аслиҳа дар пасманзари харобшавӣ, инчунин қаламчаҳои сурх – рамзи хотира ва ғам тасвир шудаанд.
Дар тангаи хотиравии Бонки миллии Қазоқистон бо арзиши номиналии 1000 танга Оташи абадӣ ва навиштаҷоти "Ғалабаи бузург" тасвир шудааст.
Дар тангаи 10-сомонии Бонки миллии Қирғизистон пиротехникии идона, гулҳо ва навиштаҷоти "1945 - 2025" дар иҳотаи турнаҳо тасвир шудааст.