https://sputnik.tj/20250511/tojikiston-istehsoli-suzishvorii-dizeli-n-afzoish-1067318313.html
Тоҷикистон истеҳсоли сӯзишвории дизелиро наздик ба 37% афзоиш додааст
Тоҷикистон истеҳсоли сӯзишвории дизелиро наздик ба 37% афзоиш додааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 292 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 15,9% бештар аст
2025-05-11T16:29+0500
2025-05-11T16:29+0500
2025-05-11T16:29+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
энергетика
бензин
идм
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/09/1061635902_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_9578c2207abb922580e93461e8e79998.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар моҳҳои январ-феврали соли 2025 дар Тоҷикистон истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ 36,8% афзоиш додааст.Дар ин бора Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.Тибқи иттилои ин мабаъ истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ тақрибан дар ҳамаи кишварҳои ИДМ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла дар Қирғизистон дар моҳҳои январ-феврали соли равон истеҳсол 30 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,9 маротиба (94,5%) зиёд аст.Дар Озарбойҷон 457,3 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ тавлид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 19,2% афзоиш ёфтааст.Қазоқистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи маҳсулоти нафтӣ дар минтақа аст, тавлиди сӯзишвории дизелиро 1,8% афзоиш дода, ба 870,5 ҳазор тонна расид.Дар Узбекистон коҳиши истеҳсолот ба қайд гирифта шудааст - 74,5 ҳазор тонна, ки нисбат ба як соли қабл 39,5% камтар аст.Тибқи омори Агентии омори Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ беш аз 292 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 15,9% бештар аст.Аз ҷумла, 134 ҳазор тонна бензин аз ҷониби 13 таъминкунанда ворид карда шудааст, ки 56,3%-и он ба ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" рост меояд. Соли равон воридоти бензин 9,5 ҳазор тонна афзуд.Дар ин давра ба ҷумҳурӣ 133 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 34,5 ҳазор тонна зиёд мебошад.Таъмини ин навъи сӯзишворӣ аз ҷониби 26 субъект анҷом дода шудааст, ки дар байни онҳо саҳми "Газпромнефт-Тоҷикистон" 53,5%-ро ташкил медиҳад.Воридоти гази моеъ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 86,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2024 46 ҳазор тонна камтар аст.Воридоти ин навъи сӯзишворӣ аз ҷониби 14 таъминкунанда анҷом дода шудааст, ки дар байни онҳо ҶДММ "Темур Ойл" (30 фоиз) ва ҶДММ "Аллат" (25,2 фоиз) афзалият доранд.Зиёда аз 61% гази моеъ аз Русия ва тақрибан 39% аз Қазоқистон ворид шудааст.Тибқи омор, арзиши миёнаи як литр бензини навъи АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 10,40 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 10,80, гази моеъ 6,90 сомониро ташкил додааст.Нархи чаканаи як литр бензини навъи АИ-92 дар пойтахт 28 апрел 9,80 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 10 сомонӣ, гази моеъ 6,80 сомонӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20250423/tojikiston-narkhi-benzinu-solyarka-poyon-gazi-moe-baland-1067090926.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/09/1061635902_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_026485be8f18144a5b5866f69522e95e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истеҳсол, сӯхт, маҳсулоти сӯзишворӣ, афзоиш, идм
тоҷикистон, истеҳсол, сӯхт, маҳсулоти сӯзишворӣ, афзоиш, идм
Тоҷикистон истеҳсоли сӯзишвории дизелиро наздик ба 37% афзоиш додааст
Дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 292 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 15,9% бештар аст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар моҳҳои январ-феврали соли 2025 дар Тоҷикистон истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ 36,8% афзоиш додааст.
Дар ин бора Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.
Тибқи иттилои ин мабаъ истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ тақрибан дар ҳамаи кишварҳои ИДМ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла дар Қирғизистон дар моҳҳои январ-феврали соли равон истеҳсол 30 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,9 маротиба (94,5%) зиёд аст.
Дар Озарбойҷон 457,3 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ тавлид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 19,2% афзоиш ёфтааст.
Қазоқистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи маҳсулоти нафтӣ дар минтақа аст, тавлиди сӯзишвории дизелиро 1,8% афзоиш дода, ба 870,5 ҳазор тонна расид.
Дар Узбекистон коҳиши истеҳсолот ба қайд гирифта шудааст - 74,5 ҳазор тонна, ки нисбат ба як соли қабл 39,5% камтар аст.
Тибқи омори Агентии омори Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ беш аз 292 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 15,9% бештар аст.
Аз ҷумла, 134 ҳазор тонна бензин аз ҷониби 13 таъминкунанда ворид карда шудааст, ки 56,3%-и он ба ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" рост меояд. Соли равон воридоти бензин 9,5 ҳазор тонна афзуд.
Дар ин давра ба ҷумҳурӣ 133 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 34,5 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Таъмини ин навъи сӯзишворӣ аз ҷониби 26 субъект анҷом дода шудааст, ки дар байни онҳо саҳми "Газпромнефт-Тоҷикистон" 53,5%-ро ташкил медиҳад.
Воридоти гази моеъ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 86,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2024 46 ҳазор тонна камтар аст.
Воридоти ин навъи сӯзишворӣ аз ҷониби 14 таъминкунанда анҷом дода шудааст, ки дар байни онҳо ҶДММ "Темур Ойл" (30 фоиз) ва ҶДММ "Аллат" (25,2 фоиз) афзалият доранд.
Зиёда аз 61% гази моеъ аз Русия ва тақрибан 39% аз Қазоқистон ворид шудааст.
Тибқи омор, арзиши миёнаи як литр бензини навъи АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 10,40 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 10,80, гази моеъ 6,90 сомониро ташкил додааст.
Нархи чаканаи як литр бензини навъи АИ-92 дар пойтахт 28 апрел 9,80 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 10 сомонӣ, гази моеъ 6,80 сомонӣ мебошад.