https://sputnik.tj/20250423/tojikiston-narkhi-benzinu-solyarka-poyon-gazi-moe-baland-1067090926.html
Дар Тоҷикистон нархи бензину солярка андак поёну гази моеъ баланд шудааст
Дар Тоҷикистон нархи бензину солярка андак поёну гази моеъ баланд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Коҳишёбии қурби доллар ва баландшавии арзиши рубли русӣ боиси тағйирёбии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон гардидааст
2025-04-23T13:03+0500
2025-04-23T13:03+0500
2025-04-23T15:22+0500
гази моеъ
сӯзишворӣ
бензин
суғд
дар тоҷикистон
хуҷанд
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/17/1067090684_0:34:2560:1474_1920x0_80_0_0_5bddbce088cac71cdcc2fe44f76daec8.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Бино ба тоблӯе, ки ахиран ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар Тоҷикистон насб кардаанд, тағйирёбии нарх дар ҳама намуд сӯзишворӣ дида мешавад.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тоблӯи чанде аз ширкатҳои ТСН (АЗС) дар ҳудуди вилояти Суғдро аккосӣ кардааст, ки зимнан нархи фурӯши маводи сӯхт чунин аст:Ҳудуди як моҳи пеш арзиши бензин то 10,5 – 11 сомонӣ ва солярка то 11,4 – 11,5 сомонӣ баробар буд. Гази моеъ ду ҳафта қабл, бо нархи 6,5 – 6,6 сомонӣ фурӯхта мешуд.Моликони ширкатҳои ТСН (АЗС) дар Хуҷанд мегуянд, дар муқоиса ба ду ҳафта қабл, ҳоло қимати яклухти ҳар кило гази моеъ ба 12,2 сомонӣ баланд шудааст.Чанд рӯзи охир коҳишёбии арзиши доллари амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон мушоҳида мешавад.Барои мисол ҳоло арзиши 100 доллар аз 1085 сомонии рӯзҳои пеш ба 1065 сомонӣ поён шудааст, ки ба назари коршиносон ин вазъ боиси арзоншавии нархи мол аз ҷумла маводи сӯхт дар Тоҷикистон шудааст.Дар ин миён нархи 1 ҳазор рубли русӣ аз 128 сомонӣ ба 134 сомонӣ баланд шудааст.Баъзе аз коршиносон болоравии қурби рубли русиро ба иқтисоди Тоҷикистон муфид арзёбӣ мекунанд.Бино ба маълумотҳои оморӣ кишварҳои Қазоқистону Русия воридкунандаҳои асосии маводи сӯхт ба кишвари Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
https://sputnik.tj/20250206/tojikiston-gazi-moe-vorid-1066126888.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/17/1067090684_310:0:2478:1626_1920x0_80_0_0_8de3f22fdafaf10c7612dda6cbf76490.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, сӯзишворӣ, қимат, бензин, солярка, арзиш, гази моеъ
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, сӯзишворӣ, қимат, бензин, солярка, арзиш, гази моеъ
Дар Тоҷикистон нархи бензину солярка андак поёну гази моеъ баланд шудааст
13:03 23.04.2025 (Навсозишуда: 15:22 23.04.2025) Эксклюзив
Коҳишёбии қурби доллар ва баландшавии арзиши рубли русӣ боиси тағйирёбии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон гардидааст
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Бино ба тоблӯе, ки ахиран ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар Тоҷикистон насб кардаанд, тағйирёбии нарх дар ҳама намуд сӯзишворӣ дида мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тоблӯи чанде аз ширкатҳои ТСН (АЗС) дар ҳудуди вилояти Суғдро аккосӣ кардааст, ки зимнан нархи фурӯши маводи сӯхт чунин аст:
АИ 95 – 10,4 - 10,6 сомонӣ
СД (ДТ) – 10 - 10,5 сомонӣ
Гази моеъ – 6,7 - 6,9 сомонӣ
Ҳудуди як моҳи пеш арзиши бензин то 10,5 – 11 сомонӣ ва солярка то 11,4 – 11,5 сомонӣ баробар буд. Гази моеъ ду ҳафта қабл, бо нархи 6,5 – 6,6 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Моликони ширкатҳои ТСН (АЗС) дар Хуҷанд мегуянд, дар муқоиса ба ду ҳафта қабл, ҳоло қимати яклухти ҳар кило гази моеъ ба 12,2 сомонӣ баланд шудааст.
“Ҳар қадаре, ки нархи яклухти мол гарон шавад, ба фурӯши чаканаи он бетаъсир намемонад”, – гуфт яке аз роҳбари ширкати ТСН дар ш. Хуҷанд.
Чанд рӯзи охир коҳишёбии арзиши доллари амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Барои мисол ҳоло арзиши 100 доллар аз 1085 сомонии рӯзҳои пеш ба 1065 сомонӣ поён шудааст, ки ба назари коршиносон ин вазъ боиси арзоншавии нархи мол аз ҷумла маводи сӯхт дар Тоҷикистон шудааст.
Дар ин миён нархи 1 ҳазор рубли русӣ аз 128 сомонӣ ба 134 сомонӣ баланд шудааст.
Баъзе аз коршиносон болоравии қурби рубли русиро ба иқтисоди Тоҷикистон муфид арзёбӣ мекунанд.
Бино ба маълумотҳои оморӣ кишварҳои Қазоқистону Русия воридкунандаҳои асосии маводи сӯхт ба кишвари Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.