https://sputnik.tj/20250511/malum-khujand-namoishgohi-baynalmilalii-savdo-sugd-barguzor-1067322737.html
Маълум шуд кай дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2025" баргузор мегардад
Маълум шуд кай дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2025" баргузор мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Дар намоишгоҳ тоҷирони маҳаллӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Узбакистон, Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва ғайра ширкат хоҳанд кард
2025-05-11T19:59+0500
2025-05-11T19:59+0500
2025-05-11T19:59+0500
дар тоҷикистон
суғд
намоишгоҳ
хуҷанд
байналмилалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057222921_0:47:1081:655_1920x0_80_0_0_dda8a160da3264de69d8e01333ffde17.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 12 то 14 июни соли равон Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2025" ва Форуми имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа баргузор мегардад.Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2025" майдони хуб барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳо буда, дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ менамоянд ва барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.Манбаъ қайд кардааст, ки ҳадафи намоишгоҳ дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар намоишгоҳ тоҷирони маҳаллӣ, намояндагони кишварҳои Узбакистону Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат карданд.Дар доираи он даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
https://sputnik.tj/20250422/sughd-istehsol-mahsuloti-kishovarzi-afzoish-1067072002.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057222921_15:0:975:720_1920x0_80_0_0_487acc8f69f0c169384cdacdd000f86b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, намоишгоҳ, савдо, тиҷорат, русия, қазоқистон, узбекистон
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, намоишгоҳ, савдо, тиҷорат, русия, қазоқистон, узбекистон
Маълум шуд кай дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2025" баргузор мегардад
Дар намоишгоҳ тоҷирони маҳаллӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Узбакистон, Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва ғайра ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 12 то 14 июни соли равон Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2025" ва Форуми имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа баргузор мегардад.
Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2025" майдони хуб барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳо буда, дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ менамоянд ва барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳадафи намоишгоҳ дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар намоишгоҳ тоҷирони маҳаллӣ, намояндагони кишварҳои Узбакистону Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат карданд.
Дар доираи он даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.