https://sputnik.tj/20250422/sughd-istehsol-mahsuloti-kishovarzi-afzoish-1067072002.html
Суғд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба маротиб афзоиш дод
Суғд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба маротиб афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд дар се моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст
2025-04-22T10:49+0500
2025-04-22T10:49+0500
2025-04-22T12:43+0500
дар тоҷикистон
суғд
кишоварзӣ
маҳсулот
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/16/1067072924_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_f5f620018c67e2ed1e30d8f75cb3449b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар се моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,3% бештар аст.Мақомоти вилояти Суғд қайд кардааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 431,2 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 22,2 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 4,6 ҳазор тонна, моҳӣ 358,6 тонна, шир 81,4 ҳазор тонна, тухм 212,9 млн. дона ва пашм 217,7 тоннаро ташкил намуд.Ҳукумати Суғд гуфт, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 6,4%, гӯшти чорвою паранда 17%, аз ҷумла гӯшти паранда 22%, моҳӣ 0,5%, шир 3%, тухм 36,4% ва пашм 17% таъмин шудааст.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ба ҳолати 17 апрели соли 2025 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 209 гектар боғу токзори нав ва барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 773 гектар гузаронида шуда, ба масоҳати 72 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст.
https://sputnik.tj/20241207/sanoat-kishovarzi-istehsoli-doru-sugd-hamkori-hind-taqviyat-1065406343.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/16/1067072924_41:0:1178:853_1920x0_80_0_0_d1823beca0ea4b9049384ac966ffae09.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, истеҳсол, кишоварзӣ, афзоиш
тоҷикистон, суғд, истеҳсол, кишоварзӣ, афзоиш
Суғд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба маротиб афзоиш дод
10:49 22.04.2025 (Навсозишуда: 12:43 22.04.2025) Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд дар се моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар се моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,3% бештар аст.
Мақомоти вилояти Суғд қайд кардааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 431,2 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 22,2 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 4,6 ҳазор тонна, моҳӣ 358,6 тонна, шир 81,4 ҳазор тонна, тухм 212,9 млн. дона ва пашм 217,7 тоннаро ташкил намуд.
Ҳукумати Суғд гуфт, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 6,4%, гӯшти чорвою паранда 17%, аз ҷумла гӯшти паранда 22%, моҳӣ 0,5%, шир 3%, тухм 36,4% ва пашм 17% таъмин шудааст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ба ҳолати 17 апрели соли 2025 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 209 гектар боғу токзори нав ва барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 773 гектар гузаронида шуда, ба масоҳати 72 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст.