https://sputnik.tj/20250510/judokor-tojik-ruz-duum-qazaqstan-barysy-grand-slam-2025-shikast-khurdand-1067316712.html
Ҳар чор ҷудокори тоҷик дар рӯзи дуюми Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 шикаст хӯрданд
Ҳар чор ҷудокори тоҷик дар рӯзи дуюми Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 шикаст хӯрданд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои якуму дуюми мусобиқаи Тоскулоҳи бузург дар Қазоқистон барои ҷудокорони тоҷик бидуни натиҷа анҷом ёфт. Дар рӯзи сеюм ду намояндаи дигари тоҷик ба майдони... 10.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-10T17:51+0500
2025-05-10T17:51+0500
2025-05-10T17:51+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/05/1062732388_111:54:1216:676_1920x0_80_0_0_ebc49944aab8e670d48b3598e5296124.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 чаҳор ҷудокори тоҷик натавонистанд натиҷаи хуб нишон диҳанд ва аз ин рӯ аз идомаи мусобиқа канор монданд.Тоҷикистонро дар рӯзи дуввуми ин мусобиқот Беҳрӯз Хоҷазода, Масъули Аҳмадзод, Муҳаммад Юсуфзода ва Сунатулло Мусоев намояндагӣ карданд.Ба иттилои Варзиш ТВ, Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо имтиёзи "юко" ғалабаро бар ҷудокори бетараф Армен Агаиан ба даст оварда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила, ҷудокори тоҷик аз намояндаи Ӯзбекистон шикаст хӯрд ва рақобатҳоро тарк кард.Зимнан, Масъуди Аҳмадзод низ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар Муҳаммад Алоев аз Баҳрайн бо имтиёзи иппон музаффарият ба даст овард. Аммо дар даври баъдӣ аз ҷудокори мизбон мағлуб шуд ва ӯ низ тарки рақобатҳо кард.Муҳаммад Юсуфзода ҳам рақобатро аз даври дуюм ба муқобили намояндаи Туркманистон оғоз кард ва бо шикаст додани ҳарифаш ба ба даври сеюм роҳ ҳамвор кард. Вале ҷудокори мизбон ин варзишгари тоҷикро низ мағлуб кард.Намояндаи охирини ҷумҳурӣ дар рӯзи дуввум Сунатулло Мусоев буд, ки рақобаташ аз даври дуюм оғоз ёфт, вале натавонист ҳарифи ҷопонии худ шикаст диҳад.Ҳамин тариқ ҳар чор ҷудокори тоҷик аз идомаи рақобатҳо дар ин мусобиқа бенасиб монданд.Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи якум ҳам варзишгарони Тоҷикистон ҳар ду аз рақибони худ шикаст хӯрданд. Ҳоло дар рӯзи сеюм Мизробшоҳ Лоиқов ва Муҳсин Малаев ба майдони набард мебароянд.
https://sputnik.tj/20250430/ishtiroki-varzishgar-davlati-jahon-dushanbe-grand-slam-1067179939.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/05/1062732388_233:66:1209:798_1920x0_80_0_0_02e56ddefdf1808b6394111e1a069a23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, дзюдо, қазоқистон
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, дзюдо, қазоқистон
Ҳар чор ҷудокори тоҷик дар рӯзи дуюми Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 шикаст хӯрданд
Рӯзҳои якуму дуюми мусобиқаи Тоскулоҳи бузург дар Қазоқистон барои ҷудокорони тоҷик бидуни натиҷа анҷом ёфт. Дар рӯзи сеюм ду намояндаи дигари тоҷик ба майдони набард мебароянд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 чаҳор ҷудокори тоҷик натавонистанд натиҷаи хуб нишон диҳанд ва аз ин рӯ аз идомаи мусобиқа канор монданд.
Тоҷикистонро дар рӯзи дуввуми ин мусобиқот Беҳрӯз Хоҷазода, Масъули Аҳмадзод, Муҳаммад Юсуфзода ва Сунатулло Мусоев намояндагӣ карданд.
Ба иттилои Варзиш ТВ, Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо имтиёзи "юко" ғалабаро бар ҷудокори бетараф Армен Агаиан ба даст оварда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила, ҷудокори тоҷик аз намояндаи Ӯзбекистон шикаст хӯрд ва рақобатҳоро тарк кард.
Зимнан, Масъуди Аҳмадзод низ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар Муҳаммад Алоев аз Баҳрайн бо имтиёзи иппон музаффарият ба даст овард. Аммо дар даври баъдӣ аз ҷудокори мизбон мағлуб шуд ва ӯ низ тарки рақобатҳо кард.
Муҳаммад Юсуфзода ҳам рақобатро аз даври дуюм ба муқобили намояндаи Туркманистон оғоз кард ва бо шикаст додани ҳарифаш ба ба даври сеюм роҳ ҳамвор кард. Вале ҷудокори мизбон ин варзишгари тоҷикро низ мағлуб кард.
Намояндаи охирини ҷумҳурӣ дар рӯзи дуввум Сунатулло Мусоев буд, ки рақобаташ аз даври дуюм оғоз ёфт, вале натавонист ҳарифи ҷопонии худ шикаст диҳад.
Ҳамин тариқ ҳар чор ҷудокори тоҷик аз идомаи рақобатҳо дар ин мусобиқа бенасиб монданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи якум ҳам варзишгарони Тоҷикистон ҳар ду аз рақибони худ шикаст хӯрданд. Ҳоло дар рӯзи сеюм Мизробшоҳ Лоиқов ва Муҳсин Малаев ба майдони набард мебароянд.