https://sputnik.tj/20250430/ishtiroki-varzishgar-davlati-jahon-dushanbe-grand-slam-1067179939.html
Иштироки наздик ба 240 варзишгар аз 28 давлати ҷаҳон DUSHANBE GRAND SLAM 2025
Иштироки наздик ба 240 варзишгар аз 28 давлати ҷаҳон DUSHANBE GRAND SLAM 2025
Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи байналмилалӣ аз 2 то 4 май дар Муассисаи давлатии "Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ"-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад
2025-04-30T18:59+0500
2025-04-30T18:59+0500
2025-04-30T18:59+0500
дар тоҷикистон
душанбе
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
мусобиқа
байналмилалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033044043_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_641cdc06a51a84275a873629aaff1049.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. То 30 апрел барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025" 238 варзишгар номнавис шудааст.Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи байналмилалии ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, 238 варзишгар, ки 131 мард ва 107 зан мебошанд, 28 давлати ҷаҳон ва 4 қитъаи оламро намояндагӣ менамоянд.Манбаъ таъкид кардааст, ки дар "Dushanbe Grand Slam- 2025" Тоҷикистонро 36 варзишгар аз ҷумла 28 паҳлавони мард ва 8 варзишгари зан иштирок менамоянд.Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон 2-4 майи соли 2025 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025" оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад.Хотиррасон мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Slam 2025" 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.Варзишгарон дар Мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Slam 2025" оид ба гӯштини ҷудо ба ғайр аз медалу ҷоизаҳои молӣ инчунин дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо соҳиби имтиёзҳо мешаванд.
https://sputnik.tj/20241010/ishtirok-pahlavoni-tojik-musobiqa-judo-abu-dhabi-grand-slam-1064654324.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033044043_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_7f900d86052418227824dd90f2329999.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷудо, варзиш, душанбе, мусобиқаи байналмилалӣ, иштирок
тоҷикистон, ҷудо, варзиш, душанбе, мусобиқаи байналмилалӣ, иштирок
Иштироки наздик ба 240 варзишгар аз 28 давлати ҷаҳон DUSHANBE GRAND SLAM 2025
Мусобиқаи байналмилалӣ аз 2 то 4 май дар Муассисаи давлатии "Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ"-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. То 30 апрел барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025" 238 варзишгар номнавис шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи байналмилалии ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, 238 варзишгар, ки 131 мард ва 107 зан мебошанд, 28 давлати ҷаҳон ва 4 қитъаи оламро намояндагӣ менамоянд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар "Dushanbe Grand Slam- 2025" Тоҷикистонро 36 варзишгар аз ҷумла 28 паҳлавони мард ва 8 варзишгари зан иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон 2-4 майи соли 2025 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025" оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Slam 2025" 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.
Варзишгарон дар Мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Slam 2025" оид ба гӯштини ҷудо ба ғайр аз медалу ҷоизаҳои молӣ инчунин дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо соҳиби имтиёзҳо мешаванд.