Шералӣ Кабир вазифаи нав гирифт

© Sputnik / Кирилл Зыков / Гузариш ба медиабонкМинистр промышленности и новых технологий Таджикистана Шерали Кабир
Министр промышленности и новых технологий Таджикистана Шерали Кабир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2025
Обуна шудан
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон раиси ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи варзишии волейбол”-и Тоҷикистон интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе конференсияи ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи варзишии волейбол”-и Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин Конфронс ба Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вазифаи нав доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Тавре манбаъ хабар додааст, Шералӣ Кабир раиси ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи варзишии волейбол”-и Тоҷикистон интихоб гардид.
“Дар рафти ҷаласа Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи варзишии волейбол”-и Тоҷикистон аз ҷониби аъзоёни федератсия интихоб карда шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар конференсия, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва аъзоёни федератсияи мазкур иштирок намуданд.
Шерали Кабир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2025
Кабир: Тоҷикистон барои пешрафти зеҳни сунъӣ бо ширкатҳои Nvidia, OpenAI ҳамкорӣ дорад
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Шералӣ Кабирро соли 2020 ба вазифаи вазири саноат ва тенхнологияҳои нав таъин намуд.
Лентаи хабарҳо
0