https://sputnik.tj/20250206/kabir-tojikiston-zehni-suni-shirkathoi-nvidia-openai-hamkori-1066132889.html
Кабир: Тоҷикистон барои пешрафти зеҳни сунъӣ бо ширкатҳои Nvidia, OpenAI ҳамкорӣ дорад
Кабир: Тоҷикистон барои пешрафти зеҳни сунъӣ бо ширкатҳои Nvidia, OpenAI ҳамкорӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноати Тоҷикистон ахиран изҳори боварӣ кард, ки инқилоби саноатӣ дар кишвар маҳз аз соҳаи зеҳни сунъӣ оғоз меёбад
2025-02-06T14:25+0500
2025-02-06T14:25+0500
2025-02-06T14:25+0500
дар тоҷикистон
саноат
технология
сабқати зеҳнӣ
интернет
технологияи муосир
шералӣ кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063770206_0:47:547:355_1920x0_80_0_0_a9e8c15371e9dd9749bc97ef75775bc5.png
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Вазири саноат ваӣ технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки стратегияи зеҳни сунъӣ аз ҷониби вазорат ба ҳукумат пешниҳод гардидааст.Вай таъкид кард, ин стратегия дар минтақа таҷрибаи аввалин мебошад.Вазири саноат таъкид кардд, ки имрӯз зеҳни сунъи дунёро иваз карда истодааст.Вай мисол овард, ки ширкати чинӣ, ки стартапи “DeepSeek” ро роҳандозӣ кард, саҳмияҳои ширкатҳои амрикоӣ ба мисли Nvidia, OpenAI, Oracle, Майкрасофт ва ғайраро поин овард ва баонҳо дар як рӯз 1,5 трлд. доллар зарар расонд.“Ин маблағ баробар ба ММД як кишвари калонтарини аврупоӣ аст. Ҳамаи ин барои ин буд, ки як ширкати чинӣ тавонист ҳамаи кори ин ширкатҳоро бо як стартапи худ, ки онкадар маблағ намехоҳад яъне 95% арзон аст, барбод диҳад”, - гуфт Шералӣ Кабир.Вазири саноати Тоҷикистон боварӣ дорад, ки инқилоби саноатии панҷум маҳз аз ҳамин дар Тоҷикистон оғоз меёбад.Вазири тоҷик гуфт, ки зеҳни сунъӣ аз истеҳсоли чипҳои GP оғоз мегардад. Вай қайд кард, ки барои истеҳсоли ин гуна чипҳо 33 намуди метталу минерал лозим аст ва Тоҷикистон аз 11 намуди ин метталу минералҳо доро аст.Ҳамчунин вазир илова кард, ки агар корбари интрнет дар чат-GPT панҷ савол диҳад, бояд донад, ки барои он ним литр об хароҷот шуд.“Яъне дар инҷо боз зарурати об ҳаст, чун бояд ҳамаи ин технологияҳоро бо об хунук кард. Тоҷикистон дар ин занҷира чиро дорад? Мо се як ҳисса барои истеҳсоли чипро дорем, мо ҳаминро муаррифӣ дорем. Мо ба наздики бо ширкати Nvidia дар ин бора гуфтугӯ карда будем. Ман худам бо ширкати OpenAI, ки чат-GPT-ро сохтааст мулоқот карда будам”, - гуфт Шералӣ Кабир.Вай қайд кард, ки ширкати Nvidia бузургтарин ширкате ҳаст, ки чипҳои GP-ро барномасозӣ мекунад. Ва ин ширкат аз се ду ҳисаи бозори ҷаҳониро дар даст дорад.Вазир қайд кард, ки ин ширкатҳо ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир доранд.“Аз ҳама муҳимаш, ки онҳо қайд мекунанд сатҳи демографии Тоҷикистон будааст, ки хушбахтона аз 2,5% зиёд мебошад ва аз сабабе, ки аҳолии мо ҷавон аст инам як факторе, ҳаст ки ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд”, - афзуд вазири саноат.Оқои Шералӣ Кабир илова кард, ки Тоҷикистон дар ин занҷира ҳаст ва шонси таърихи дора шудааст, ки ҷумҳурӣ аз ин истифода барад.Вай зикр кард, ки чанд давлатҳо ҳастанд, ки Тоҷикистон бо онҳо кор дорад.Дар навбати худ Азизҷон Азими раҳбари Академияи зеҳнӣ сунъии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар бораи коркарди чипҳои GP гуфт, ки дар мулоқоте бо ширкати Nvidia сурат гирифт, яке аз мушкилоте дар ин соҳа ҳаст баррасӣ шуд, ин он аст, ки барои чипҳои GP -ро дастрас кардан ҳатман иҷозати вижа бояд гирифта шавад.Вай илова кард, ки ҳамчунин аз моҳи сентябри соли равон дарси зеҳни сунъӣ ҳамчун санҷишӣ дар 10 мактаби Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.“Барномаи дарсӣ ҳоло баррасӣ мешавад. Дар соли оянда соли 2026 дарси зеҳни сунъӣ дар мактабҳои кишвар дар системаи маориф пурра ворид карда мешавад”, - қайд кард Азизҷон Азимӣ.
https://sputnik.tj/20230915/tasis-alyansi-istehsol-peshnihod-tojikiston-1059401810.html
https://sputnik.tj/20210610/dushanbe-ozmoishgoh-zehn-suni-1040123903.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063770206_0:0:547:411_1920x0_80_0_0_043ebd5205c6b0aee6fde56e118f11b1.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ширкатҳои амрикоӣ, зеҳни сунъӣ, nvidia, openai ҳамкорӣ, пешрафт, технология
тоҷикистон, ширкатҳои амрикоӣ, зеҳни сунъӣ, nvidia, openai ҳамкорӣ, пешрафт, технология
Кабир: Тоҷикистон барои пешрафти зеҳни сунъӣ бо ширкатҳои Nvidia, OpenAI ҳамкорӣ дорад
Вазири саноати Тоҷикистон ахиран изҳори боварӣ кард, ки инқилоби саноатӣ дар кишвар маҳз аз соҳаи зеҳни сунъӣ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Вазири саноат ваӣ технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки стратегияи зеҳни сунъӣ аз ҷониби вазорат ба ҳукумат пешниҳод гардидааст.
Вай таъкид кард, ин стратегия дар минтақа таҷрибаи аввалин мебошад.
Вазири саноат таъкид кардд, ки имрӯз зеҳни сунъи дунёро иваз карда истодааст.
Вай мисол овард, ки ширкати чинӣ, ки стартапи “DeepSeek” ро роҳандозӣ кард, саҳмияҳои ширкатҳои амрикоӣ ба мисли Nvidia, OpenAI, Oracle, Майкрасофт ва ғайраро поин овард ва баонҳо дар як рӯз 1,5 трлд. доллар зарар расонд.
“Ин маблағ баробар ба ММД як кишвари калонтарини аврупоӣ аст. Ҳамаи ин барои ин буд, ки як ширкати чинӣ тавонист ҳамаи кори ин ширкатҳоро бо як стартапи худ, ки онкадар маблағ намехоҳад яъне 95% арзон аст, барбод диҳад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вазири саноати Тоҷикистон боварӣ дорад, ки инқилоби саноатии панҷум маҳз аз ҳамин дар Тоҷикистон оғоз меёбад.
Вазири тоҷик гуфт, ки зеҳни сунъӣ аз истеҳсоли чипҳои GP оғоз мегардад. Вай қайд кард, ки барои истеҳсоли ин гуна чипҳо 33 намуди метталу минерал лозим аст ва Тоҷикистон аз 11 намуди ин метталу минералҳо доро аст.
Ҳамчунин вазир илова кард, ки агар корбари интрнет дар чат-GPT панҷ савол диҳад, бояд донад, ки барои он ним литр об хароҷот шуд.
“Яъне дар инҷо боз зарурати об ҳаст, чун бояд ҳамаи ин технологияҳоро бо об хунук кард. Тоҷикистон дар ин занҷира чиро дорад? Мо се як ҳисса барои истеҳсоли чипро дорем, мо ҳаминро муаррифӣ дорем. Мо ба наздики бо ширкати Nvidia дар ин бора гуфтугӯ карда будем. Ман худам бо ширкати OpenAI, ки чат-GPT-ро сохтааст мулоқот карда будам”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай қайд кард, ки ширкати Nvidia бузургтарин ширкате ҳаст, ки чипҳои GP-ро барномасозӣ мекунад. Ва ин ширкат аз се ду ҳисаи бозори ҷаҳониро дар даст дорад.
Вазир қайд кард, ки ин ширкатҳо ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир доранд.
“Аз ҳама муҳимаш, ки онҳо қайд мекунанд сатҳи демографии Тоҷикистон будааст, ки хушбахтона аз 2,5% зиёд мебошад ва аз сабабе, ки аҳолии мо ҷавон аст инам як факторе, ҳаст ки ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд”, - афзуд вазири саноат.
Оқои Шералӣ Кабир илова кард, ки Тоҷикистон дар ин занҷира ҳаст ва шонси таърихи дора шудааст, ки ҷумҳурӣ аз ин истифода барад.
“Мо бояд дар ин қатор дер накунем ва савор шавем ва равем. Дар мактабҳо инчунин зеҳни сунъиро роҳандозӣ кунем”, - гуфт ӯ.
Вай зикр кард, ки чанд давлатҳо ҳастанд, ки Тоҷикистон бо онҳо кор дорад.
Дар навбати худ Азизҷон Азими раҳбари Академияи зеҳнӣ сунъии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар бораи коркарди чипҳои GP гуфт, ки дар мулоқоте бо ширкати Nvidia сурат гирифт, яке аз мушкилоте дар ин соҳа ҳаст баррасӣ шуд, ин он аст, ки барои чипҳои GP -ро дастрас кардан ҳатман иҷозати вижа бояд гирифта шавад.
“Яъне литсензияи содиротии корхона лозим аст ва мо ин равандро оғоз кардем. Боварӣ дорем то охири соли равон истеҳсоли аввалин кластери чипҳои GP-ро ба роҳ монда мешавад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки ҳамчунин аз моҳи сентябри соли равон дарси зеҳни сунъӣ ҳамчун санҷишӣ дар 10 мактаби Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
“Барномаи дарсӣ ҳоло баррасӣ мешавад. Дар соли оянда соли 2026 дарси зеҳни сунъӣ дар мактабҳои кишвар дар системаи маориф пурра ворид карда мешавад”, - қайд кард Азизҷон Азимӣ.