https://sputnik.tj/20250508/putin-rahmon-ruzi-ghalaba-shodbosh-guft-1067284554.html
Путин Раҳмонро бо Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт
Путин Раҳмонро бо Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад кишвардори Тоҷикистон низ дар тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Маскав бевосита иштирок кунад 08.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-08T14:32+0500
2025-05-08T14:32+0500
2025-05-08T14:39+0500
дар тоҷикистон
русия
рӯзи ғалаба
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039331132_0:55:3059:1777_1920x0_80_0_0_b52f312ebaf1d9a87651e79e987d50d7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Владимир Путин, кишвардори Русия унвонии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барқияи шодбошӣ ирсол кард.Дар ин бора дафтари матуботи Кремл хабар дод.Манбаъ афзуд, Владимир Путин ҳамчунин ба дигар роҳбарони ИДМ номаи табрикӣ ирсол карда, ҳамзамон мардумони Гурҷистону Молдовро низ ба ин рӯз табрику таҳният гуфт.Манбаъ тавзеҳ дод, кишвардори Русия дар номаи худ зикр намудааст, ки "хотираи корнамоиҳои пуршараф ва қурбониҳои бузурги падарону бобоёни мо, ки бар зидди истилогарони фашистӣ далерона ҷангидаанд ва дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд, муқаддас аст".Ӯ даъват намуд, ки бо вуҷуди ин қадар талошу ҷонфидоии наслҳои пеш бояд мероси гузоштаи онҳоро ҳифз кунем."Вазифаи мукаддаси мо эҳтиёткорона ҳифзи мероси насли пирӯзкорон аст. Аз ин рӯ, бепарвоёна рафъи кӯшишҳои тахрифи таърихи умумиамон, сафед кардан ё ба хотири фаромӯш кардани ваҳшигариҳои фашистон ва шарикони онҳо хеле муҳим аст", - зикр намуд президенти Русия.Бояд гуфт, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар тантанаҳои идона бахшида ба 80 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок мекунад.
https://sputnik.tj/20250508/dushanbe-khotira-ghalaba-hifz-qahramonon-ghalaba-kharita-1067273118.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039331132_278:0:3007:2047_1920x0_80_0_0_1bfe3542935fb0265ca2ba68fe8a0f7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, рӯзи ғалаба, владимир путин, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
дар тоҷикистон, русия, рӯзи ғалаба, владимир путин, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
Путин Раҳмонро бо Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт
14:32 08.05.2025 (Навсозишуда: 14:39 08.05.2025) Интизор меравад кишвардори Тоҷикистон низ дар тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Маскав бевосита иштирок кунад
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Владимир Путин, кишвардори Русия унвонии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барқияи шодбошӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матуботи Кремл хабар дод.
Манбаъ афзуд, Владимир Путин ҳамчунин ба дигар роҳбарони ИДМ номаи табрикӣ ирсол карда, ҳамзамон мардумони Гурҷистону Молдовро низ ба ин рӯз табрику таҳният гуфт.
"Ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ, Исроил ва ҳамчунин ба мардуми Гурҷистон ва Молдова паёми шодбошӣ ирсол кард", - омадааст дар хабари Кремл.
Манбаъ тавзеҳ дод, кишвардори Русия дар номаи худ зикр намудааст, ки "хотираи корнамоиҳои пуршараф ва қурбониҳои бузурги падарону бобоёни мо, ки бар зидди истилогарони фашистӣ далерона ҷангидаанд ва дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд, муқаддас аст".
Ӯ даъват намуд, ки бо вуҷуди ин қадар талошу ҷонфидоии наслҳои пеш бояд мероси гузоштаи онҳоро ҳифз кунем.
"Вазифаи мукаддаси мо эҳтиёткорона ҳифзи мероси насли пирӯзкорон аст. Аз ин рӯ, бепарвоёна рафъи кӯшишҳои тахрифи таърихи умумиамон, сафед кардан ё ба хотири фаромӯш кардани ваҳшигариҳои фашистон ва шарикони онҳо хеле муҳим аст", - зикр намуд президенти Русия.
Бояд гуфт, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар тантанаҳои идона бахшида ба 80 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок мекунад.