Душанбе хотираи Ғалабаи бузургро ҳифз кардааст: Қаҳрамонони Ғалаба дар харита

© SputnikОткрытие стелы погибшим в годы ВОВ красноармейцам на Аллее Славы
Открытие стелы погибшим в годы ВОВ красноармейцам на Аллее Славы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2025
Обуна шудан
Точикистон барои Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми бузург гузоштааст. Кӯчаҳои Душанбе то ҳол номи қаҳрамонони ин ҷангро дар ёд доранд
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Дар Тоҷикистон хотираи қаҳрамононе, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷони худро аз даст доданд, гиромӣ медоранд.
Дар маҷмуъ аз Точикистони Шӯравӣ наздик ба 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафтанд, ки қариб 100 ҳазор нафари онҳо ба ватан барнагаштанд. 45 хазор нафар сокинон ба корхонаҳо ва дигар минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуданд.
Миёни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 64 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.
Корнамоиҳои ҷанговарони тоҷикистонӣ баробари дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Ғалаба бар Олмони нозиро наздик карданду ниҳоят таъмин намуданд.
Имрӯз крнамоиҳои онҳо на танҳо дар китобҳои дарсии таърих ва экспонатҳои осорхонаҳо ҳифз шудааст, балки дар хиёбону кӯчаҳои Душанбею дигар шаҳрҳои Тоҷикистон мавҷуданд.
Ҷойгиршавии онҳо дар харитаи пойтахт дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон оварда шудааст.
© SputnikХотираи Ғалаба дар харитаи Душанбе
Хотираи Ғалаба дар харитаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2025
Хотираи Ғалаба дар харитаи Душанбе
Хотираи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро муҷассамаҳо, обелискҳо ва лавҳаҳои ёдгорӣ дар саросари Душанбе насб кардаанд.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон яке аз марказхои тахлияи гардид; Дар қаламрави Тоҷикистон 29 беморхонаи тахлияшуда ҷойгир шуда буд, ки дар он сарбозони артиши Сурх табобат мегирифтанд.
Аз ҷумла ин кишвари он замон кӯчак ба фронт 650 ҳазор тонна ғалла, 178 ҳазор тонна нахи пахта, 103 ҳазор автомашина фиристода шуда, ба фонди сохтмони мудофиа ва яроқу аслиҳа зиёда аз 1 млрд суми шӯравӣ гузаронда шуд.
Лентаи хабарҳо
0