https://sputnik.tj/20250506/maqomot-sugd-hajmi-kumakpuli-sobiqadoron-jangi-buzurgi-vatani-1067249733.html
Мақомоти Суғд ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро расонаӣ кард
Мақомоти Суғд ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро расонаӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки соли равон барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ 438 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо гардид
2025-05-06T16:49+0500
2025-05-06T16:49+0500
2025-05-06T19:14+0500
дар тоҷикистон
ғалаба
куҳансарбоз
суғд
кӯмакпулӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/07/1062760843_0:97:2791:1667_1920x0_80_0_0_ebb1824229fee8e128d13bcea268d551.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Қарор дар бораи расонидани ёрии яквақтаи моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ дар ҳаҷми 438 ҳазор сомонӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расонд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки ёрии яквақта ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба 51 нафар иштирокчии ақибгоҳ ба миқдори 8000 сомонӣ ва 2 нафар иштирокчии ҶБВ ба миқдори 15 ҳазор сомонӣ расонида хоҳад шуд.Мақомоти вилояти Суғд зикр кардааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 51 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, умр ба сар мебаранд.Ба иттилои мақомот 6 собиқадор дар ноҳияи Ашт, 3 нафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 1 нафар дар шаҳри Бӯстон, 5 нафар дар ноҳияи Деваштич, 1 нафар дар ноҳияи Зафаробод, 17 нафар дар шаҳри Истаравшан, 1 нафар дар шаҳри Исфара, 1 нафар дар шаҳри Панҷакент, 4 нафар дар шаҳри Хуҷанд, 1 нафар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, 11 нафар дар ноҳияи Шаҳристон зиндагӣ доранд.Қайд карда шудааст, ки ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Деваштич умр ба сар мебаранд.Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 80 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба куҳансарбозони тоҷик кумакпулӣ ихтисос дод.Ба ҳар яке аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 25 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.Қаблан ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бо фармони роҳбари давлат аз хазинаи захиравии президент ба ҳар як иштирокчии ҷанг имсол 50 000 сомонӣ тақдим мегардад.Манбаъ афзуд, ки фармони мазкур аллакай имзо шудааст ва то 9 май ҳар як куҳансарбоз ин миқдор маблағро хоҳад гирифт.Маврид ба зир аст, ки дар Тоҷикистон имсол ҳамагӣ 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд, ки бузургтарин ва хурдтарини онҳо 112 ва 99 - сола буда, ҳар ду сокинони шаҳри Ҳисор мебошанд.
https://sputnik.tj/20250505/hajm-kumakpuli-rahmon-kuhansarboz-tojik-malum-shud-1067227404.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/07/1062760843_205:0:2670:1849_1920x0_80_0_0_2807cdff93aad81c24511b48b25bbc87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷанги бузурги ватанӣ, кумакпулӣ, ақибгоҳ, суғд, куҳансарбоз, кӯмакпулӣ
тоҷикистон, ҷанги бузурги ватанӣ, кумакпулӣ, ақибгоҳ, суғд, куҳансарбоз, кӯмакпулӣ
Мақомоти Суғд ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро расонаӣ кард
16:49 06.05.2025 (Навсозишуда: 19:14 06.05.2025) Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки соли равон барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ 438 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Қарор дар бораи расонидани ёрии яквақтаи моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ дар ҳаҷми 438 ҳазор сомонӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ёрии яквақта ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба 51 нафар иштирокчии ақибгоҳ ба миқдори 8000 сомонӣ ва 2 нафар иштирокчии ҶБВ ба миқдори 15 ҳазор сомонӣ расонида хоҳад шуд.
Мақомоти вилояти Суғд зикр кардааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 51 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, умр ба сар мебаранд.
Ба иттилои мақомот 6 собиқадор дар ноҳияи Ашт, 3 нафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 1 нафар дар шаҳри Бӯстон, 5 нафар дар ноҳияи Деваштич, 1 нафар дар ноҳияи Зафаробод, 17 нафар дар шаҳри Истаравшан, 1 нафар дар шаҳри Исфара, 1 нафар дар шаҳри Панҷакент, 4 нафар дар шаҳри Хуҷанд, 1 нафар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, 11 нафар дар ноҳияи Шаҳристон зиндагӣ доранд.
Қайд карда шудааст, ки ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Деваштич умр ба сар мебаранд.
“Яке Бибола Рӯзиматови 101-сола, сокини Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва дигаре Нозим Носирови 100-сола, сокини Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич мебошанд”, - қайд намудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 80 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба куҳансарбозони тоҷик кумакпулӣ ихтисос дод.
Ба ҳар яке аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 25 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Қаблан ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бо фармони роҳбари давлат аз хазинаи захиравии президент ба ҳар як иштирокчии ҷанг имсол 50 000 сомонӣ тақдим мегардад.
Манбаъ афзуд, ки фармони мазкур аллакай имзо шудааст ва то 9 май ҳар як куҳансарбоз ин миқдор маблағро хоҳад гирифт.
Маврид ба зир аст, ки дар Тоҷикистон имсол ҳамагӣ 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд, ки бузургтарин ва хурдтарини онҳо 112 ва 99 - сола буда, ҳар ду сокинони шаҳри Ҳисор мебошанд.